Вохӯрии аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзҳои 22-23-юми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳарсолаи худро баргузор намуд, ки дар он намояндагони 11 ташкилоти ҷамъиятӣ - аъзои Эътилоф ва шарикони он иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ гузоришҳо аз натоиҷи фаъолияти роҳбари Эътилоф, сардори Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, Гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, Гуруҳи мусоидат ба меъёрҳои Протоколи Истанбул, Гуруҳи офиятбахшии ҷабрдидагони шиканҷа шунида шуд. Ҳамзамон, интихоби роҳбари гуруҳи расонаӣ сурат гирифт ва акнун онро Шоира Давлатова, директори Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон сарварӣ мекунад.

Нигина Баҳриева, роҳбари Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа мегӯяд:

- Соли 2015 зиёд корҳо амалӣ шуданд. Дар ҳисоботи солонаи Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар ин бора маълумоти муфассал ҳаст. Вале мехоҳам баъзе лаҳзаҳоро қайд намоям: Аввалан, Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ фаъолона кор кард ва давоми соли 2015-ум 45 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ гардид. 35 парванда дастгирии ҳуқуқӣ ёфт, ки аз ин шумора 21-тояш нав буда, 14-тои дигар аз соли 2012 ба қайд гирифтаву аз ҷониби ҳуқуқшиносони Эътилоф пеш бурда мешаванд.

Дар натиҷаи кори фаъолонаи вакилони мудофеъ дар соли 2015 панҷ ҳукми айбдоркунӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ бароварда шуд. Аз ҷумла, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани ҳайати афсарӣ, ки ин пешравӣ аст. Зеро, қаблан дар мавриди барои муносибати бераҳмона дар Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб кардани нафарони масъул аз ҳисоби ҳайати афсарӣ ба ҷавобгарӣ имкон надошт.

Ташкилотҳои аъзои Эътилоф аъзои Гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, ки дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ташкил шудааст. Давоми соли 2015 дар 11 муассисаи пӯшида ва нимпӯшида мониторинг гузаронида шуд.

Эътилоф дар самти амалигардонии таҷрибаҳои устувори пардохти ҷубронпулӣ ба ҷабрдидагон ва аъзои оилаи онҳо кор мебарад. Давоми соли 2015 дар 3 ҳолат барои ҷуброни зарари маънавӣ қарор бароварда шуд, ки аз болои ду қарор шикоят оварда шуда буд. Корҳо оид ба тайёр намудани 4 даъво оид ба ҷуброни зарари маънавӣ дар судҳои кишвар идома ёфт.

Эътилоф барои дар амал татбиқ шудани Протоколи Истанбул дар фаъолияти мутахассисони тиб ва коршиносони судии тиббӣ ташаббус нишон медиҳад. Дар соли 2015 меъёрҳои Протоколи Истанбулро 138 нафар омӯхтанд, ки аз ин теъдод 130 нафар кормандони тиббӣ, 5 намояндаи идораи Ваколатдор ва 3 намояндаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Соли 2015-ум 6 нафар ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо хизматрасонии офиятбахшӣ гирифтанд.

Эътилоф дар мавриди иҷроиши уҳдадориҳои Тоҷикистон оид ба озодӣ аз шиканҷа мониторинг мегузаронад, ба мақомоти СММ гузоришҳои алтернативӣ омода месозад ва дар раванди пешбурди озодӣ аз шиканҷа ҳангоми муколама оид ба ҳуқуқи инсон иштирок мекунад. Ҳамзамон, зиёд мушкилоте вуҷуд дорад, ки дар рафти фаъолиятамон рӯ ба рӯ мегардем. Мо норасоии кадрӣ дорем. Аввалан, теъдоди лозимаи ҳуқуқшиносон нестанд, ки барои кор кардан дар самти шиканҷа розӣ шаванд. Зеро, ҳамеша дар ҳолати истифодашавии шиканҷа ҷониби дуюм намояндагони сохторҳои давлатӣ ҳастанд ва он раванди мураккабу тӯлонист. Вазъи нигаронкунанда масъалаи коршиносон - равоншиносон, мутахассисони сатҳҳои гуногун аст ва мо кӯшиш дорем чорабиниҳои гуногуни таълимиро коркард намоем, то ин мутахассисонро ба хотири ҳамкориҳои оянда омода кунем.

Бо дарназардошти он, ки қонуни нав дар бораи адвокатура қабул гардид ва раванди иҷозатномадиҳӣ ба вакилони мудофеъ оѓоз мешавад, ҳанӯз ин суол матраҳ нашудааст, ки кай иҷозатномаро мегиранд ва умуман, оё онро шарикон-адвокатҳое, ки мо бо онҳо кор мекунем, дастрас мекунанд ё не…

Бо аҳолӣ кор кардан хеле мушкил шудааст, зеро огоҳонидан аз шиканҷа масъалаи бисёр ҳассос аст. Ҳоло ҳам дар мавриди иттилоотонии ҷомеа оид ба меъёрҳо, аз ҷумла дар бораи механизми вокуниш ба шиканҷа зиёд кор кардан лозим аст.

NoTorture.Tj