Article Pages

Бо натиҷаҳои мониторинги мурофиаҳои судие, ки аз ҷониби Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар се соли охир (2021-2023) гузаронида шудааст, дар зер метавон шинос шуд: 2021: Дар давраи ҳисоботӣ дар мурофиаҳои судӣ аз рӯйи 4 парванда 23 мушоҳида гузаронида шуд. Хулосаҳои асосӣ: Аз 23 мурофиаи судӣ танҳо 5-тояш дар вақти эълоншуда оғоз...

21.06.2024 - 09:51

Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон нақша дорад, ки дар Тоҷикистон чанд мизи мудаввар баргузор намояд, то мушкилот ва монеаҳо дар қонунгузорӣ ва иҷрои қонун дар масоили марбут ба озодӣ аз шиканҷа баррасӣ гарданд. Нахустин чорабинии ин силсила - мизи мудаввар дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирӣ аз он ва амалисозии механизмҳои тафтишот” рӯзи 1-уми июл дар...

21.06.2024 - 09:43

Фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар замони буҳронӣ, дар ҷаласаи солонаи ин созмон, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин самтҳои стратегии фаъолият ва зарурати таҳияи стратегияи нави Эътилофро баррасӣ карданд. Нурмаҳмад Халилов, директори ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», роҳбари Эътилофи...

20.06.2024 - 10:57

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.      

20.06.2024 - 10:48

6-уми июни соли 2024 барои 100 нафар маҳкумшудагон маросими супоридани диплом дар бораи хатми курси буридан ва дӯзандагӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, барои 50 нафар дар муассисаи ислоҳотии ЯС-ИУ 3/4, шаҳри Душанбе ва 50 нафар дар муассисаи ислоҳотии ЯС-ИУ 3/1, шаҳри Ваҳдат, ки аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ), Маркази таълими калонсолони...

20.06.2024 - 10:13

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад (22 майи соли 2016). Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.      

19.06.2024 - 13:38

Дар матлаби мо шумо метавонед оид ба чорабиниҳои иттилоотӣ ва вохӯриҳои машваратие, ки аз ҷониби Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар се соли охир (2021-2023) гузаронида шудаанд, маълумот пайдо намоед. 2021: Чорабиниҳои иттилоотӣ: 1. Дар давраи ҳисоботӣ бо адвокатҳо дар ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Ҷ. Расулов, шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон,...

19.06.2024 - 11:55

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.        

18.06.2024 - 13:23

Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиени хукукии Чумхурии Точикистон» бо иштироки намояндагони тамоми субъектҳои хифзи хукуки инсон дар вилояти Сугд ба наворбардории ток-шоу дар мавзӯи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» омодагиро огоз намуд. Наворбардории ток-шоу рӯзи 20 июн соати 11:00, аз ҷониби ТРК «АЗИЯ» сурат мегирад. Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар чаҳорчӯби лоиҳаи...

17.06.2024 - 22:10

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад. Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки...

17.06.2024 - 13:09

Страницы