Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
6-уми июни соли 2024 барои 100 нафар маҳкумшудагон маросими супоридани диплом дар бораи хатми курси буридан ва дӯзандагӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, барои 50 нафар дар муассисаи ислоҳотии ЯС-ИУ 3/4, шаҳри Душанбе ва 50 нафар дар муассисаи ислоҳотии ЯС-ИУ 3/1, шаҳри Ваҳдат, ки аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ), Маркази таълими калонсолони назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тотористон ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ташкил карда шудааст.
Барои гузаронидани курсҳо бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Вазорати корҳои хориҷии Канада барои муассисаҳои ислоҳотии ЯС-ИУ 3/4 дар шаҳри Душанбе ва ЯС-ИУ 3/1 дар шаҳри Ваҳдат 54 адад мошинаи дӯзандагии саноатӣ харидорӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ роҳбари Барномаи рушди СММ Заррина Ҷӯраева, роҳбари лоиҳаи ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» Парвина Наврӯзова ва намояндаи Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Фаъолияти мазкур дар доираи лоиҳаи «Таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳои ҷавондухтарон ва мардони осебпазир аз радикализм» сурат гирифт.
Дар натиҷаи ин курсҳо маҳкумшудагон тарзи дӯхтани костюму шим ва либоси мактабиро омӯхтанд.
Мақсади асосии лоиҳа рушди малакаҳои шуғл дар байни маҳкумшудагон, расонидани кумаки равонӣ ва динӣ-ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани офиятбахшии ҳамаҷониба буд, ки имкони мутобиқшавии бомуваффақияти иҷтимоии маҳкумшудагонро пас аз озодшавӣ афзоиш медиҳад. Лоиҳа ба баланд бардоштани иқтидори кормандони маҳбасҳо оид ба ҳуқуқҳои маҳбусон ва принсипҳои ахлоқии кор бо онҳо мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ (Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии СММ дар муносибат бо маҳбусон, Қоидаҳои СММ дар Бангкок ва ғайра) нигаронида шудааст. Фаъолияти мазкур дар ЯС-ИУ 3/4 Душанбе, ЯС ИУ 3/1 Ваҳдат ва дар ЯС ИУ 3/8 Норак амалӣ карда шуд.
Ин иқдом дар чаҳорчӯбаи Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ мешавад.