Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар замони буҳронӣ, дар ҷаласаи солонаи ин созмон, ки рӯзи 18-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид. Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин самтҳои стратегии фаъолият ва зарурати таҳияи стратегияи нави Эътилофро баррасӣ карданд.
Нурмаҳмад Халилов, директори ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон», роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҷаласа хабар дод, ки имрӯз аъзои Эътилоф 19 нафар буда, 13 нафари онҳо созмонҳои ҷамъиятӣ ва 6 нафар шарикон - адвокатҳо, ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон, мутахассиси соҳаи тиб ва коршиносон дар самти ҳуқуқи инсон мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар давраи мавриди назар ба Эътилоф ташкилоти нав - ТҶ «Ибтидо» дохил шуд. «Ғайр аз ин, адвокат Шарипов Абдураҳмон ва рӯзноманигор Хоҷаев Фазлиддин бо хоҳиши худ аз узвияти Эътилоф баромаданд. ТҶ «Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир» ва ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар робита ба барҳамдиҳӣ дигар узви Эътилоф нестанд. Гулчеҳра Холматова, ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ», Дилафрӯз Самадова, ташкилоти ҷамъиятии «Ҳимояи ҷомеа аз рӯйи қонун» ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» узви Эътилоф шуданд. Узви Эътилоф - Ассотсиатсияи нозирони халқӣ ба «Мушовирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ивази ном кард»,- зикр намуд Халилов.
Дар давраи ҳисоботӣ Эътилоф фаъолияти худро дар самтҳои асосӣ идома дод: фаъолиятҳои таҳлилӣ, мониторинг ва ташвиқотӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ; фаъолият оид ба офиятбахшӣ, расонидани ёрии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ба қурбониёни шиканҷа; расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо; гузаронидани мониторинг дар муассисаҳои пӯшида ва нимпўшида; мониторинг ва инъикоси масъалаҳои шиканҷа дар ВАО.
Зикр гардид, ки соли 2023 бо сабабҳои объективӣ фаъолияти Гурӯҳи расонаӣ муваққатан қатъ карда шуд.
Дар дигар самтҳои фаъолият низ корҳо анҷом дода шуданд: доир ба масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа чорабиниҳои гуногуни омӯзишӣ ташкил карда шуданд.
Роҳбари Эътилоф ба пешравие, ки Эътилоф дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ба даст овардааст, диққати махсус дод. «Ин афзоиши шумораи парвандаҳои стратегӣ тибқи моддаи 143, эзоҳи 1 («Шиканҷа») ва моддаи 316 («Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ»)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳам афзоиши шумораи мурофиаҳои судие буд, ки дар рафти онҳо ашхосе, ки дар истифодаи шиканҷа даст доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд»,- қайд кард Халилов.
Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2023 инҷониб бори аввал ба Эътилоф имкон даст дод, ки ба муассисаҳои пӯшида барои мониторинги мустақил дастрасӣ пайдо кунад ва Эътилоф инчунин дар таҳияи асноди стратегӣ оид ба ислоҳоти низоми пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт.
Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф ҳуҷҷатгузории шикоятҳоро оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва хешовандони онҳоро идома медиҳад. Дар бобати беҳтар намудани кори системаи пенитенсиарии Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Гурӯҳи мониторингии Эътилоф барои гузаронидани мониторинги мустақил ба муассисаҳои руҳии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо кард.
Аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ 379 матлаб бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр расид.
«Эътилоф ҳамкориҳои фаъолро бо мақомоти гуногуни давлатӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона ва ҷазо идома медиҳад. Аз ҷумла, ин фаъолиятҳо гузаронидани тренингҳо ва семинарҳо барои намояндагони мақомоти давлатӣ, таҳлил ва такмили қонунгузорӣ, инчунин ташкили мизи мудаввар ва конфронсҳои муштаракро дар бар мегиранд»,- гуфт Нурмаҳмад Халилов.
Ӯ самтҳои стратегии фаъолияти Эътилофро, ки дар солҳои зикргардида пеш бурда шудаанд, зикр намуд:
Афзалияти 1. Мусоидат ба таъсиси системаи вокуниши муассир ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтишоти шиканҷа дар Тоҷикистон. Дар доираи ин афзалият амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳо оид ба пурзӯр намудани талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои вокуниш ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа, фароҳам овардани механизмҳои муассири бақайдгирии омори шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, гузаронидани тафтишоти самарабахши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо додани шахсони гунаҳкор, инчунин таҳияи системаи механизми мустақили тафтишоти ҳолатҳои шиканҷа пешбинӣ шудааст.
Афзалияти 2. Мусоидат ба таъсиси институти назорати ҷамъиятӣ аз болои ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ. Фаъолиятҳои асосӣ ба мусоидат ба тасвиби Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва эҷоди механизми миллии пешгирӣ равона карда мешаванд. Бо дарназардошти пурра набудани дастрасӣ ба ҷойҳои ҳабси пешакӣ, муассисаҳои ислоҳотӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, инчунин дастрасии қисман ба муассисаҳои руҳӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи кӯдакона, Стратегия ба ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати гузаронидани мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ равона шудааст. Дар баробари ин, чунин фаҳмиш вуҷуд дорад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд танҳо бо гузаронидани мониторинги муштараки муассисаҳои пӯшида маҳдуд шавад. Дар баробари кор оид ба мониторинги муштараки муассисаҳои пӯшида бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Стратегия пешбурди масъалаҳои дастрасӣ ба муассисаҳои пӯшида барои мониторинги мустақил ва таъсиси институти назорати шаҳрвандӣ аз болои муассисаҳои пӯшидаро пешбинӣ мекунад.
Афзалияти 3. Мусоидат ба такмили механизмҳои самараноки ҷуброни зарари ҷабрдидагони шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо, аз ҷумла ҷуброни одилона ва мувофиқ, бо шумули воситаҳо барои офиятбахшии пурра. Ҷуброни зарар занҷираи адолатро дар ҳолатҳои шиканҷа мустаҳкам месозад ва ҳадафи он барқарор кардани шаъну эътибори ҷабрдида мебошад. Фаъолияти Эътилоф ба эҷоди таҷрибаи устувори ҷуброни зарар ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин расонидани кумаки ҳадди ақал ба қурбониёни шиканҷа/оилаҳои онҳо барои барқарорсозии мустақилият ва тавонмандиҳои ҷисмонӣ, руҳӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин мутобиқшавии пурраи иҷтимоиву иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа равона карда мешавад. Эътилоф кӯшишҳои худро ба ҳамоҳангсозии кор бо мақомоти давлатӣ, муассисаҳои тиббӣ ва марказҳои дастгирии равонӣ ҷиҳати мусоидат ба эҷоди механизмҳои самараноки офиятбахшии наҷотёфтагони шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо равона хоҳад кард.
Афзалияти 4. Пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар қонунгузорӣ ва амалия, аз ҷумла таъсиси институти экспертизаи ғайридавлатии судиву тиббӣ. Дар доираи афзалият чорабиниҳо оид ба омӯзиши табибони муассисаҳои тиббӣ (психиатрҳо), кормандони системаи пенитенсиарӣ, намояндагони касби ҳуқуқшиносӣ (судяҳо, адвокатҳо ва прокурорҳо) бо стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тавассути чорабиниҳои таълимӣ ва дар муассисаҳои олии таълимии тиббиву ҳуқуқшиносӣ ҷорӣ намудани курсҳои дахлдор. Аъзои Эътилоф дар фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, татбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулиро дар ҳуҷҷатҳои дохилии системаи нигаҳдории тандурустӣ, муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида пеш мебаранд.