Article Pages

Милисае аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳимоятгарони ҳуқуқ ӯро дар таҷовузи духтаре айбдор медонистанд, аз кор озод карда шуд, аммо нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст. Мувофиқи тафтиши нав, ки бо дастури Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуд, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди милитсия рад карда шудааст. Сухан дар бораи ҳодисае меравад, ки тобистони...

16.01.2017 - 10:35

Муаррифии гузориши пешакӣ аз рӯйи натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон 27-уми декабри соли 2016 дар маҷлисгоҳи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат карданд. Мониторинги мазкур дар соли 2016 аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон...

27.12.2016 - 15:15

Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ оид ба рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда шуда, барои санҷиши такрории маводҳои санҷиши аризаи Малика ба Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ фиристонида шудааст. Дар ин бора адвокати ҷабрдида Абдураҳмон Шарипов хабар дода, меафзояд, ки “инчунин, дар бораи раддияи муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ...

22.12.2016 - 12:07

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, хабарҳо дар бораи мавриди таҷовуз қарор гирифтани як зани 25-сола дар ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ асос надорад.  Аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи “санҷиши холисона аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда шуд, ки дар ҳаракатҳои кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ таркиби ҷиноят дида намешавад”.  Ба иттилои...

20.12.2016 - 16:44

Як нафар корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе барои бекор кардани Қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Адвокати ў Дилшод Ҷўраев мегўяд, ки ҳамзамон, нусхаҳои шикоят ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар низ барои маълумот ирсол гардидаанд. Ба гуфтаи адвокат, шоҳидони ҷониби даъвогар...

19.12.2016 - 09:51

Сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ронандаи таксӣ Шамсиддин Зайдуллоев моҳи апрели соли 2015 бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуд. Баъди чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовар ӯ аз дунё гузашт. Пайвандони ҷавон мегӯянд, ки марги ӯ дар натиҷаи латукӯб ва шиканҷа фаро расидааст. Ба гуфтаи модари қурбонии шиканҷа Тоҷинисо Каримова,...

09.12.2016 - 09:42

Рӯзи июнӣ аз субҳ гарм буд. Дилором бо духтари хурди худ барвақт ба бозор рафт, барои пешвоз гирифтани меҳмонон тамоми чизҳои лозимаро харидорӣ кард. Он рӯз ба хонаи онҳо бояд хешовандонашон меомаданд. Барои ҳамин, ӯ кӯшиш мекард, ки аз анвои дар рӯйхат қайдкардаашон чизеро фаромӯш накунад. Зеро, тавре дар Шарқ анъана аст, дастурхон бояд пур бошад. Дар роҳ ба хона, ба дорухона даромад ва доруҳои...

08.12.2016 - 09:44

Дар муқоиса бо дигарон, тақдири ӯ баландӣ кард. Баъди «чашидан»-и таҳқирҳо дар хизмат ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнин, ӯ зинда монд. Бале, ҳоло дар бистари беморист ва пайвандонаш рӯзе ду соат дар аробаи маъюбӣ мегардонандаш, аммо ӯ зинда аст! Бале, ӯ маъюб аст ва кӯмаки маъюбии ночизе дарёб мекунад, ки шаъну эътиборашро паст мезанад, аммо зинда аст! Ва ӯ ба ояндаи беҳтар умед мебандад, дар...

07.12.2016 - 09:23

Парванда оид ба латукӯби бераҳмонаи эҳтимолии ҷавоне дар шуъбаи милисаи Ваҳдат, ки ӯро ба марг расонд, миёни ҷомеа сарусадои зиёд ба бор овард. Дар бораи ин ҳодиса ҳам расонаҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ навиштанд ва Умар Бобоҷонови 23-соларо қурбонии маъракаи пӯшида муқобили ришдорҳо хонданд. Аммо аллакай зиеда аз як сол гузашту гунаҳгорони ин воқеаи фоҷиавӣ ҳанӯз ҳам муайян нашудаанд. Маҳмадсаид...

06.12.2016 - 09:27

Парвизи 18-сола орзу дошт, ки курсанти Академияи ВКД Тоҷикистон шавад ва дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мактаби миёнаро хатм кард. Ҷавонак қадаки на он қадар баланд дошт ва барои амалӣ гаштани орзуяш чанд сантиметр намерасид. «Эҳ, модар, ман ба хизмат меравам. Ана, мебинӣ, ду сол зуд мегузарад, вале шояд дар ин муддат «соҳиби қади баланд» мешавам ва аз нав кӯшиши...

05.12.2016 - 08:40

Страницы