Як гуруҳ модарон дар пайи ҳалокати сержант Эҳсон Илчибеков, зодаи ноҳияи Рушон дар шаҳри Душанбе хостори таъмини тартибот дар қисмҳои низомии кишвар гардиданд.
Дар муроҷиатномаи модарон аз ноҳияи Рӯшон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки нусхаи он дастраси "Озодагон" шуд, омадааст, ки аз соли 1993 то ҳол дар қисмҳои низомии кишвар дар пайи бемасъулиятию бенизомиҳои...