Article Pages

Аъзои Платформаи ҳамрайъии шаҳрвандӣ (ПҲШ) ва дигар ТҒД, аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва нақзи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ки паёмадҳои ҷиддии манфӣ барои иқтисодиёт, тиҷорат, пешрафт ва тандурустиву таҳсилот дорад, нигаронем. Дастрасӣ ба интернет аз 25-уми ноябри соли 2021, пас аз оғози гирдиҳамоии стихиявӣ дар маркази маъмурии вилоят -...

28.01.2022 - 12:06

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муноқишае хабар дод, ки бо кордзанӣ анҷом ёфтааст. Бино ба иттилои манбаъ, “Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 110, қисми 1 (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнини барои ҳаёти инсон хавфнок)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045...

22.01.2022 - 12:47

Як сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми хидмат ба ҳалокат расидааст. Наздикони ӯ мегӯянд, Миралӣ Боқиеви 20-сола зимни ҷанҷол барои болопӯши зимистонаи ҳарбӣ ё "бушлат" аз тарафи сарбози дигар латукӯб шудааст. Намояндагони неруҳои марзбонӣ воқеаро шарҳ намедиҳанд. Ҷасади Миралӣ Боқиев рӯзи 19-уми январ дар зодгоҳаш, деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент, ба хок супурда шуд. Наздиконаш...

21.01.2022 - 18:42

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати Соли нави 2022 муборакбод мегўяд! Таманно дорем, ки дар соли нав ҳама хоҳишҳоятон ҷомаи амал пўшанд. Бигузор ба ҳама ҳадафҳоятон бирасед ва наќшаҳоятон амалӣ гарданд. Бигузор ҳама нохубиҳову нохушиҳо дар соли сипаришаванда монанд. Дар соли нав бароятон дарки эҳсосоти нав, дидани зиёд навгониҳо, вохўрдан бо...

29.12.2021 - 09:03

Моҳи марти соли оянда КҲИ СММ чораҳои андешидаи мақомоти Тоҷикистонро оид ба иҷрои Мулоҳизот, ки Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар мавриди эътирофи далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони милитсия нисбати марҳум Хуршед Бобокалонов қабул намудааст, баҳогузорӣ мекунад. Ҳафтаи гузашта, 16-уми декабри соли 2021, ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи...

22.12.2021 - 23:02

Як созмони ҷамъиятӣ ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид навиштааст, ки Тоҷикистон дархости ин созмон барои таҳқиқи парвандаи марги Хуршед Бобокалоновро иҷро накардааст. "Тоҷикистон талаби шуморо иҷро накард" Хуршед Бобокалонов, табиби 33-солаи тоҷик дар соли 2009 ҳангоми боздошти кормандони милиса фавтид ва парвандаи марги ӯ дар 12 соли ахир яке аз парвандаҳои пурсарусадои...

20.12.2021 - 12:55

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба иттилои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон расонид, ки Тоҷикистон ягон чораи марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи №2707/2015 аз номи Саодат Кулиева наандешидааст. Ёдовар мешавем, Кумита дар тавсияҳои худ ба ин хулоса омад, ки «давлати узв тафтишоти фаврӣ, холисона ва самараноки ҳолати фавти Хуршед Бобокалонов ва даъвои...

20.12.2021 - 00:25

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба иттилои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон расонид, ки Тоҷикистон ягон чораи марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи  №2707/2015 (CCRP \C\128\D\2707\2015, ICCPR on behalf of Ms. Saodat Kulieva) наандешидааст. Ёдовар мешавем, Кумита дар тавсияҳои худ ба ин хулоса омад, ки «давлати узв тафтишоти фаврӣ, холисона ва...

16.12.2021 - 23:08

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон чорабиниҳо дар доираи маъракаи 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!», аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуданд. Ин чорабиниҳо бо дастгирии молиявии Бунёди Зигрид Раузинг имконпазир гардиданд. Қобили зикр аст, ки дар рафти чорабиниҳои мазкур иштирокчиён тавсияҳои Вазорати тандурустӣ...

14.12.2021 - 17:03

Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» («Начало») - узви нави Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо ҷавонони вилояти Суғд як қатор вохӯриҳои иттилоотӣ гузаронид. Вохӯриҳо дар American space дар шаҳрҳои Хуҷанд (8-уми декабр), Исфара (10-уми декабр) ва Панҷакент (12-уми декабр) доир гардиданд. Мақсади чорабинӣ маълумотноксозии...

13.12.2021 - 10:51

Страницы