Вазири адлияи ҶТ дар мулоқот бо ҳайати ҶМЧ дар бораи аҳамияти Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон сухан гуфт

Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон рӯзи 29-уми июл дар мулоқоти вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Душанбе бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии узви Комиссияи доимӣ, муовини раиси Комиссия оид ба корҳои миллӣ ва динии шӯрои сиёсии машваратии Чин, муовини раиси Ҷамъияти Чин оид ба таҳқиқи ҳуқуқи инсон Тзян Тзинго баррасӣ гардиданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо саъй мекунад.

Вазири адлияи кишвар дар мавриди эълон шудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён намуд, ки ҳадаф аз эълони соли ҷорӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, таҳкими институти ҳуқуқи инсон, эҳтиром ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба он ва таъмини волоияти қонун мебошад.

Ёдовар мешавем, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҳар як фарди фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор мекунад, ки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз кӯдакон то калонсолон мусоидат намояд.