Иттилоия: Шиканҷагарони Ёдгоров Ҳасан

Дар Суди Олии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории кормандони милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисикунандагии судя Салимзода Юсуф идома дорад. Дар курсии айбдорӣ майори милитсия, корманди фаврии РТҶ ВКД Наимов Э., майори милитсия, корманди фаврии ШТҶ ШВКД-и шаҳри Турсунзода Алиев Ш., капитани милитсия, корманди фаврии ШТҶ ШВКД-и шаҳри Турсунзода Давлатмуродзода С. нишастаанд.

Кормандони милитсия бо моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор дониста мешаванд: 143, эзоҳи 1, қ. 3 (шиканҷа), 314 (сӯйистифода аз ваколати хизматӣ), 323 (сохтакории хизматӣ).

Аз рӯйи ин парвандаи ҷиноятӣ Ёдгоров Ҳасан ва модари ӯ Нарзиқулова Шарофат ҷабрдида эътироф шудаанд. Хизматрасонии адвокати ҷабрдидагон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон таъмин гардидааст.

Мухтасар ёдовар мешавем, ки 7-уми ноябри соли 2017 сокини шаҳри Турсунзода Ёдгоров Ҳасан Маҳмадраҷабович бо гумони даст доштан дар куштори шаҳрванд Каримов Дмитрий аз ҷониби кормандони ШВКД-и шаҳри Турсунзода боздошт гардид.

8-уми ноябри соли 2017 ҳамсари Ҳасан - Тоҷинисоро ба ШВКД даъват карда, хабар медиҳанд, ки шавҳараш Ёдгоров Ҳасан дар куштори Каримов Дмитрий, ки 1-уми июни соли 2017 рух додааст, гунаҳгор дониста мешавад. Ба гуфтаи ӯ, нисбаташ фишори ҷисмониву равонӣ истифода шудааст, то иқрор шавад, ки ҳангоми куштор шавҳараш дар хона набуд.

Ҳасанов Ёдгор маъюби гуруҳи дуюм аст ва ба шиканҷаву муносибати бераҳмона тоб наоварда, муқобили худ нишондод додааст. Ҳангоми чорабиниҳои тафтишотӣ ӯ гуфтааст, ки кушторро бо корди куҳнаи ошхонагӣ анҷом додааст, гарчанде ҳамсараш Тоҷинисо бовар мекунонд, ки он корди куҳнае будааст, ки оила барвақт дар корҳои ҳаррӯза истифода мебурдааст.

Бо гузашти як моҳ дар телевизион сужаи видеоии аз ҷониби ВКД ҶТ омодагардида пайдо шуд, ки дар он гуфта мешуд, куштори Каримов Дмитрий ошкор шудааст. Дар навор Ҳасан Ёдгоров шахсан дар бораи он нақл мекард, ки Каримовро чанд маротиба бо корд задааст. Ба тасдиқи муаллифон, Ҳасан Ёдгоров ҳангоми пурсиш ба ҳама чиз самимона иқрор шудааст ва гӯё баъди куштор ашёҳои шахсии кушташударо бо худ бурдааст.

Аллакай ҳангоми мулоқот бо модар, Ҳасан дар бинои ШВКД-и шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки ӯро шиканҷа кардаанд. Дар давоми қарор доштанаш таҳти боздошт, ӯро се маротиба ба шаҳри Душанбе бурдаву онҷо аз шиканҷа истифода бурдаанд, ба қисмҳои гуногуни баданаш қувваи барқ гузоштаанд, тамоми баданаш пур аз доғ будааст. Дар натиҷа, кори ҳимоятгарони парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ёдгоров Ҳасан барои омӯзиш ба Прокуратураи генералии ҶТ супорида шудааст.

Ҳасан Ёдгоровро баъди он озод карданд, ки қотили воқеии Дмитрий Каримови 42-сола боздошт гардид ва дар хонаи ӯ (қотил) далелҳои раднашавандаро дарёфт намуданд. Ҳасан Ёдгоров ба ҳайси гумонбар дар кушторе, ки содир накарда буд, бо истифода аз шиканҷа боздошт гардид ва 8 моҳро дар СИЗО сипарӣ намуд.

Мурофиаи судии навбатӣ 13-уми августи соли 2019 соати 10:00 дар бинои Суди Олии ҶТ, дар ошёнаи якум, дар толори мурофиаҳои судӣ, бо суроғаи кӯчаи Неъмат Қарабоев 1 баргузор мегардад. Мурофиаи судии парванда кушода аст.

NoTorture.Tj