Қарори 41 ҳазор сомонӣ ҷуброни нерӯҳои марзбонӣ ба Шаҳбол

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро муваззаф кард, ки ба волидони сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев 4 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ ва 37 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ, пардохт кунад. Дар ҷараёни мурофаи ниҳоии ин парванда, ки рӯзи 22 ноябр баргузор шуд, намояндагони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳузур надоштанд.

Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев рӯзи 22 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳои гарнизони ҳарбии Душанбе имрӯз ҳукми худро содир кард ва Сарраёсати неруҳои марзбониро муваззаф намуд, ки ба Шаҳбол Мирзоев дар маҷмӯъ 41 ҳазор сомонӣ пардохт намояд. Дилшод Ҷӯраев гуфт, дар ҷараёни ироаи ҳукми ниҳоии додгоҳ, ба намояндагони васоити ахбор омма низ иҷозаи дохил шудан ба толорро надоданд

Вакили дифои Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, ки аз ин ҳукми додгоҳ розӣ нест, зеро онҳо 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҳамчун ҷуброни маънавӣ, талаб карда буданд. Ин аст, ки Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, аз ин ҳукуми додгоҳ ба зинаҳои болоӣ, шикоят хоҳанд бурд.

Дар моҳи августи соли 2015 худи коллегияи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон қарори додгоҳи низомии шаҳри Душанберо дар мавриди пардохти 97265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20000 сомонӣ ҷуброни маънавӣ барои сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоевро бекор карда буд.

Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт моҳи марти соли 2014 бар асари латту кӯби шадиди як ҳамхизматаш маъюб шуд.Табибон гуфтанд, устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати тӯлонӣ лозим мешавад.

Барои латту кӯби Шаҳбол Мирзоев, додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани оинномаи хидматӣ ба 1,5 соли кори иҷборӣ маҳкум кард. Вале ин ҳарду баъди содир шудани ҳукм афв шуда, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Ozodi