Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ барои мубориза бо шиканҷа"

Дар қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2012 "Дар бораи татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ барои мубориза бо шиканҷа» таҷрибаи судӣ оид ба татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ барои мубориза бо шиканҷа инъикос гардидааст.

Он дорои тавзеҳоти роҳнамоӣ мебошад, ки барои судҳо, шахсони мансабдор ва дигар мақомоти қонунгузор ҳатмиянд.

Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар кишвар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд. Дар доираи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар асоси қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқи қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ барои мубориза бо шиканҷа” як қатор матолиби иттилоотӣ омода намуд, ки дар сомонаи Эътилоф аз 1-уми март то 16-уми майи соли 2024 ба нашр расиданд.

Бо иттилоот инҷо метавонед шинос шавед:

NotortureTj