Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Салом ба ҳама!
Имрӯз рӯзи охирини ҳафтаи дуюми чорабинии иттилоотии «Ман ва ҳуқуқҳои ман» мебошад. Биёед ҳафтаи гузаштаро ҷамъбаст кунем, шумо дар ин рӯзҳо чӣ чизҳои нав ва муҳимро фаҳмидед?
Пеш аз ҳама, мо ба шумо гуфтем, ки чӣ тавр бояд барномаи мобилиро насб кард. Барои онҳое, ки иттилоотро аз даст доданд, мо як истинодро барои зеркашӣ намудан замима мекунем - https://hrc.tj/archives/2595
Пеш аз ҳама Шумо фаҳмидед, ки роҳнамо чист ва бо ёрии он метавонед маълумотро бо суроғаҳо ва маълумот барои тамос барои муроҷиат кардан ба мақомотҳои салоҳиятдор барои вокуниш, пайдо намоед.
Мо зерқисматҳои зӯроварӣ дар оила ва ҳуқуқи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, нашъамандони тазриқӣ, коргарони шаҳвонӣ, ҳамҷинсгарон (лесбиянка, гей, бисексуал и шахсони трансгендерӣ) таҳлил намудем. Дар барнома маълумоти дастрас оид ба механизмҳои муҳофизатии ҳуқуқҳои Шумо мавҷуд аст, ва ба мутахассисоне, ки бо ҷабрдидагони зӯроварӣ кор мекунанд, имкон медиҳад дар даст роҳнамое бо маълумоти зарурӣ дошта бошанд.
Натиҷаи чорабинии иттилоотии мо викторина дар шакли онлайн хоҳад буд, ки он 1 - июн баргузор мешавад, ки дар он ҷо мо то чи андоза дастрас будани барномаи мобилиро барои мардум муайян менамоем ва иштирокчиёни аз ҳама фаъол соҳиби мукофоту туҳфаҳои арзишманд мегарданд.
Ҳамаи фаъолиятҳои дар доираи чорабинии иттилоотӣ буда бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.