Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳамсари ҷабрдидаи ҳалокшуда дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона - Ҳотамова Г. санаи 12-уми декабри соли 2020 оид ба рӯёнидани ҷуброни зарар ба фоидаи кӯдакони хурдсол бинобар марги саробон ба миқдори 280 000 (дусаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ, нисбати Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи даъвогӣ ба Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе муроҷиат намуд.
Бояд гуфт, ки аризаи даъвогии мазкур баҳри рӯёнидани зарар, барои нигоҳдошт ва таъмини кӯдакони хурдсоли марҳум Хоҷаназаров Камол пешниҳод гардидааст.
Хотиррасон мешавем, ки шаҳрванд Ҳотамова Г. ҳамсари марҳум Хоҷаназаров Камол мебошад, ки моҳи октябри соли 2017 пас аз таҳқиру шиканҷа шуданаш дар РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, даст ба худкушӣ зада буд. Номбурдагон аз зиндагонии якҷояашон соҳиби ду фарзанд гардида буданд.
Комил Хоҷаназаров 31-сола буд ва акнун ду кӯдаки хурдсолаш ятим мондаанд. Вай ҳамроҳи бародараш ба насб ва таъмири кондитсионерҳо машғул буда, ягона саробони оилааш ба ҳисоб мерафт. Ҳамсараш маълумоти тахассусӣ/олӣ надораду ҳоло ҳамчун фаррош кор мекунад, ки наметавонад барои кӯдаконаш зиндагии шоистаро фароҳам созад.
Дар ҳодисаи даст ба худкушӣ задани марҳум Хоҷаназаров Камол нисбати ду нафар корманди РВКД дар вилояти Суғд - Юлдошев Л. Т. ва Шамсиддинов Ш. Ш. бо моддаҳои 143.1, қисми 3, банди “б”, 358, қисми 1 ва 247, қисми 3, банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт - Наимов М. С. бо моддаи 143.1, қисми 3, банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд ба Юлдошев Л. Т. ва Шамсиддинов Ш. Ш. ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати сенздаҳсолӣ ва нисбати Наимов М. С. ба муҳлати дувоздаҳ сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ҷазо таъин карда шудааст.
Ҷоизи қайд аст, ки дар таҷриба бори аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ “аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани ҷуброни зарар бинобар гум кардани саробон” нисбати ду мақомот пешниҳод мегардад.
Парвандаи мазкур аз тарафи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе баррасӣ гардида истодааст. Дар суд ҳуқуқу манфиатҳои даъвогар ва кӯдакони хурдсоли марҳумро Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагӣ ва ҳифз менамояд.
Бояд зикр намуд, ки мурофиаи навбатӣ ба санаи 11-уми марти соли 2021, соати 10:00 таъин гардидааст. Аз натиҷаҳои баррасии даъвои мазкур иловатан маълумот нашр карда мешавад.