Ҳимояи ҳуқуқҳо

Иқтибос

аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»

(Қисми 20). Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ҳуқуқу озодиҳои шахсро, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок мекунанд ҳимоя намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо шароит фароҳам оваранд, барои қонеъ намудани талаботи қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ сари вақт чораҳо андешанд. Товони зараре, ки ба шахс ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои ў расонида шудааст, бояд тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнида шавад (моддаи 12 КМҶ).

 Мақомоти таъкиби ҷиноятӣ вазифадор аст ба шахси дучори шиканҷа гардида ҳуқуқи ўро оид ба пешниҳоди даъво дар бораи ситонидани зарари молумулкӣ, маънавӣ ва тартиби пешниҳоди чунин даъворо фаҳмонида диҳад.

 Зараре, ки ба шаҳрванд дар натиҷаи шиканҷа, муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф расонида шудааст, бояд бо тартиби пешбининамудаи КМҶ ва КГ ҷуброн карда шавад.

 Мутобиқи талаботи қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 466 КМҶ, агар маълумоти дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, муваққатан аз вазифа дур сохтан, дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардан, маҳкум намудан ва амалҳои дигари ғайриқонунии нисбат ба шахс татбиқшуда дар матбуот чоп карда, тавассути радио, телевизион ва воситаҳои дигари ахбори омма интишор шуда бошад, бо талаби шахси мазкур ва дар ҳолати фавти ў бо талаби хешовандони ў ё супориши суд, прокурор, муфаттиш ё мақомоти таҳқиқ воситаҳои дахлдори ахбори умум вазифадоранд, ки дар муддати як моҳ дар ин бобат хабари зарурӣ интишор намоянд.

 Бо талаби шахс ва дар ҳолати фавти ў бо талаби хешовандони ў судя, прокурор, муфаттиш, мақоми таҳқиқ вазифадоранд, ки дар муддати то чордаҳ шабонарўз доир ба бекор кардани қарорҳои ғайриқонунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои кор, таҳсил ё зисти ў ба тариқи хаттӣ хабар диҳанд.

NotortureTj