Ҳисоботдиҳии нопурра дар сатҳи расмӣ, ё маълумот дар бораи шиканҷа дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ то кадом андоза дастрас аст

ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”ки аъзои Эътилофи ҷомеъаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ мебошад,  мониториги нашрияҳо доир ба масъалаҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои соли 2019 ва семоҳаи якуми соли 2020 анҷом дод.

Муҳимтарин масъалаи фаъолияти ҳаётии ҷомеа инъикоси воқеъбинонаи иттилооти дорои арзиши ҷамъиятии ба таври оммавӣ дастрас, аз ҷумла дар мавриди татбиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мебошад. Дарвоқеъ, аксар вақт набудани маълумот боиси ташаккул наёфтани низоми меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ ва мухолифати манфиатҳои ҷонибҳои гуногун мегардад.

Дар соли 2019, аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 52 муроҷиат оид ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ба қайд гирифта шудааст.

Мо кӯшиш ба харҷ додем, ки ба чунин савол посух пайдо кунем – дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ маълумот дар бораи шиканҷа барои соли 2019 ва семоҳаи якуми соли 2020 то кадом андоза дастрас аст?

Рақамҳо танҳо дар сомонаи Омбудсмен дастрасанд

Тавре ки маълум гашт, маълумоти расмӣ оид ба омори истифодаи эҳтимолии шиканҷа дар чанд соли охир дар сомонаҳои ВКД, Прокуратураи генералӣ, Суди олии ҶТ ба таври дастрас вуҷуд надорад.

Сарчашмаи ягонае, ки дар он омор бо истинод ба иттилооти Прокуратураи генералӣ ва ВКД мавҷуд аст, сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад. Омор дар гузоришҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуққуи инсон оварда шудааст.

Тибқи иттилооти онҳо, ба дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуққуи инсон  дар соли 2019 18 муроҷиат (дар соли 2016 - 9, дар соли 2017 – 9, дар соли 2018 – 13) оид ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ ҳангоми боздошт ворид шудааст. Дар соли 2019 -13 муроҷиат ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа (дар 4 ҳолат шикоят дар бораи амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар 9 ҳолат дар бораи истифодаи эҳтимолии шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ) ва 5 муроҷиат ба ҳолатҳои эҳтимолии муносибати бераҳмона дахл доштанд.

Масалан, дар гузориши Омбудсмен барои соли 2019 бо истинод ба иттилооти Прокуратураи генералӣ зикр гардидааст: «Дар соли 2019 ба мақомоти мазкур 10 муроҷиати марбут бо истифодаи эҳтимолии шиканҷа ворид шудааст,ки аз онҳо танҳо як ҳолат тасдиқи худро пайдо кард. Дар ҳолати мазкур нисбати кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе С. А., Н. Ф. ва дигарон тибқи қисми 2 моддаи 143 эзоҳи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шиканҷа), ки бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои иқрорӣ шаҳрванд С. Х.-ро латукӯб ва бо ҷараёни барқ шиканҷа кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда шуд.

Дар гузориши Омбудсмен барои соли 2019 бо истинод ба иттилооти Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад: «Дар соли 2019 судяҳои ҷумҳурӣ 2 парвандаи марбут бо истифодаи шиканҷа нисбати 4 нафар баррасӣ карда шуданд (дар соли 2018 – як парванда нисбати 2 нафар) ва ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда шуд».

Дар гузориши Омбудсмен барои соли 2019 зикр шудааст, ки тибқи иттилооти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта мешавад, ки тибқи иттилооти Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сохторҳои мазкур аз маҳкумшудагон ва хешовандони онҳо муроҷиатҳои марбут ба истифодаи эҳтимолии шиканҷа ворид нашудаанд.

Сомонаи ВКД ҶТ

14 феврали соли 2019 дар сомонаи расмии ВКД ҶТ маълумот дар бораи конфронси баргузоршуда аз рӯи натиҷаҳои соли 2019 ҷойгир карда шудааст, ки дар он иттилооти оморӣ пешниҳод гардид. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар соли 2019 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 946 (2018-21957) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 83,5 % (2018-82,3%) мебошад. Аз онҳо 11 309 ё 62% ҷиноятҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шуда, сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо 90 фоизро (2018-90,0%) ташкил дод.

Дар соли 2019 90 ҳолати одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 126, таҷовуз ба номус - 46, роҳзанӣ - 28, одамрабоӣ - 5, ғоратгарӣ - 140, авбошӣ - 1139, қаллобӣ - 2294, дуздӣ - 5328, тамаъҷўӣ - 32 ва дигар ҷиноятҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Маълумоти дигар оид ба омори ошкоршавии ҷиноятҳо, мусодираи аслиҳа ва маводи нашъадор, шумораи нашъамандон, ҷустуҷӯи ҷинояткорон, садамаи роҳу нақлиёт ва сӯхторҳо оварда мешавад. Аммо иттилоот дар бораи далелҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мавҷуд нест.

Аммо бояд қайд намуд, ки  дар сомонаи мазкур маълумот дар бораи шахсони алоҳидае, ки дар бораи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони милитсия хабар додаанд, ҷойгир карда шудааст.

Масалан, 25 марти соли 2019 маълумот дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Алиҷон Ашуров ҷойгир карда шудааст, ки дар бораи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона муроҷиат намудааст, вале дар рафти санҷиши прокурорӣ ин далелҳо тасдиқ нашудаанд.

11 январи соли 2020 дар сомонаи ВКД ҶТ хабар дар бораи боздошти Парвиз Набиев бо воситаҳои нашъадор нашр шуд. Дар хабар зикр карда шудааст, ки модари Парвиз Набиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми боздошт истифода шудани шиканҷа нисбати писараш маълумот ҷойгир намудааст. ВКД ҶТ ин маълумотро ба таври расмӣ тасдиқ накардааст.

Сомонаи Прокуратураи генералии ҶТ

Иттилоот барои соли 2019 оид ба муроҷиатҳо ва шикоятҳо ба мақомоти прокуратура ва ВКД дар ҳеҷ ҷой нашр карда нашудааст. Дар сомонаи Прокуратураи генералӣ омори расмӣ нашр карда намешавад, вале ахбори ҷудогона дар бораи чорабиниҳои гузаронидашуда оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона ё маъракаҳои ба ягон тариқ бо онҳо алоқаманд ҷой дода мешаванд.

Масалан, 18 апрели соли 2019 дар сомонаи Прокуратураи генералӣ хабар дар бораи ҳамкории Прокуратураи генералии ҶТ бо дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва баргузор шудани омӯзиш бо иштироки 14 нафар кормандони прокуратура ҷой дода шудааст.

30 июли соли 2019 дар сомонаи Прокуратураи генералӣ маълумот дар бораи баргузор гаштани мизи мудаввар аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти ҷомеашиносӣ оид ба мониторинги адолати судии ҷиноятӣ дар ҶТ нашр гардидааст.

25 сентябри соли 2019 дар ин сомона хабар дар бораи иштироки Прокурори генералии ҶТ дар конфронси солонаи 24-уми Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар шаҳри Буэнос-Айрес (Аргентина) нашр шудааст.

Маълумоти охирин дар ин мавзуъ санаи 16 октябри соли 2019 доир ба баргузор гаштани ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ дар Прокуратураи генералии ҶТ ҷойгир карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатии Тоҷикистон маълумот дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои соли 2020 умуман мавҷуд нест.

Дар ин байн

Рӯзи 24 январи соли 2019 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи амалҳои миллӣ оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард. Нақшаи миллӣ аз 22 банд иборат аст: таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзӯр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои ҳуқуқии асосӣ, дастрасӣ ба ҳимоятгари мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо оид ба шиканҷа, пешниҳоди ҷуброн ва тавонбахшӣ ва ғайра.

Нақшаи миллӣ тақрибан 80 чорабиниро пешбинӣ менамояд, ки ба такмил додани қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи қонунҳо дар мавриди роҳ надодан ба истифодаи шиканҷа равона гардидаанд. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.

 

ТҶ “Маркази мустақили оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”

NoTorture.Tj