Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар доираи фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо мақсади ғамхорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки бар зидди шиканҷа мубориза мебаранд, моҳи сентябр тренинги якрӯза дар мавзӯи «Осеби таъсиргузор» баргузор мегардад.
Ба иттилои ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» (ДОШ), ки ба Эътилофи зидди шиканҷа ворид аст, охири моҳи сентябр равоншинос Элина Антонова ба Душанбе меояд. Ӯ барои фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла аъзои Эътилофи зидди шиканҷа, ки мустақиман бо қурбониёни шиканҷа кор мекунанд, як қатор тренингҳо мегузаронад, ки онҳо имконият пайдо менамоянд, то чӣ будани осеби таъсиргузор ва чӣ гуна мубориза бурданро бо он бифаҳманд.
Осеби таъсиргузор истилоҳест, ки барои тавсифи кори мутахассисон бо мизоҷони осебдида ва таъсири ин кор ба онҳо истифода бурда мешавад.
"Мо воқеаҳои осебпазирро дар ҳаёти одамон, ҳикояҳои пур аз дард мешунавем ва дар ҷараёни терапия ҳамдардӣ мекунем. Эҳтимолияти осеби таъсиргузор дар одамоне, ки ҳисси зиёди ҳамдардӣ доранд, баланд аст ва ранҷу азоби одамони дигарро аз дили худ мегузаронанд. Аз ин рӯ, барои одамоне, ки дар самти расонидани кумак кор мекунанд, муҳим аст, ки аз омӯзиши мувофиқи психологӣ оид ба тарзи дуруст мубориза бурдан бо эҳсосот ҳангоми кор бо онҳое, ки осеб дидаанд, гузаранд»,- қайд мекунанд ҳомиёни ҳуқуқи ДОШ.
Барои саволҳои иловагӣ метавонед ба Дилрабо Самадова, ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» бо телефони +992 92 7208083 муроҷиат намоед.