Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав се афсари пулиси Русияро бо ҷурми куштори муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов ба муҳлати беш аз 7 сол маҳкум ба зиндон кард.
Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав рӯзи 15 июн се афсари пулиси Русияро бо ҷурми шиканҷа ва куштори муҳоҷири 39-солаи тоҷик Фаррух Урозов ба муҳлати беш аз 7 сол маҳкум ба зиндони низомаш шадид кард.
Додрас Станислав Чепик ин се афсар - Владимир Гордеев, Станислав Дейкун ва Андрей Чернишевро дар берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабдрдида шудааст, гунаҳкор шинохт. Кодекси ҷиноии Русия барои иттиҳоми аввал ҳамчун ҷазо аз 3 то 10 соли зиндон ва барои иттиҳоми дувум то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале айбдоркунанда ҳафтаи гузашта аз додгоҳ барои ин се афсари пулис 9-солӣ ҳукми зиндон хост.
Додрас Чепик дар ниҳоят Гордеевро ба 7 солу 6 моҳ ва Дейкун ва Чернишевро ба 7 солу 4 моҳи зиндон маҳкум кард.
Сербей Бабинетс, ҳуқуқшиноси Кумитаи ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар Русия, ки дар ин мурофиа аз манфиати наздикони ҷабрдида ҳимоят мекард, гуфт, ки онҳо акнун бо талаби товон аз афсари маҳкумшуда бо даъвои шаҳрвандӣ дигарбора ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.
Илҳом Алихонов, бародари Фаррух Урозов рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми эълоншуда нисбат ба афсарони пулиси гунаҳкор дар марги бародарашро сабук мешуморад, вале: “Ба фарқ аз даҳҳо тоҷики дигар, ки дар Русия кушта шуданду касе аз пайи қотилони онҳо нагашт, мо боз ҳам тавонистем бо кумаки ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон гунаҳкоронро ба курсии айбдорӣ бишинонем. Албатта, метарсам, ки онҳо ҳатто аз ин ҳукми сабук шикоят мебаранд ва боз ҳам пойин оварданашро талаб хоҳанд кард. Вале аз дасти ман ҳамин қадар омад. Зӯрам ҳамин қадар расид.”
Илҳом Алихонов афзуд, ки ҳоло барояш аз ҳама муҳимтар ба додгоҳ расондани даъвои товон ва таъмин кардани нафақаи 4 кӯдаки хурдсоли Фаррух Урозов аст, ки баъди марги падар ятим ва бесаробон мондаанд.
Фаррух Урозов аз рустои Бобсафоли поёни собиқ колхози “Коммунизм”-и ноҳияи Фархор буда, писари калониаш ҳамагӣ дар синфи 5-ум таҳсил мекунад. Се духтари ӯ ҳанӯз ҳатто ба мактаб намераванд. Илҳом Алихонов мегӯяд, худи ӯ аз соли 1994 ва Фаррух тақрибан 14 соли охир ҳар сол барои мардикорӣ ба вилояти Маскав меомаданд. Ҷамъан аз ин хонавода 9 бародар дар Русия кор мекарданд.
Фаррух Урозов, ки дар яке аз сохтмонҳои Солнечногорск ба ҳайси кафшергар кор мекард, шоми 17 сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовуз ба номуси духтари шашсолааш айбдор карда буд, боздошт шуд. Ӯ шаби 18 сентябр, ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар шӯъбаи пулис даргузашт. Бар асоси хулосаи тафтишот, ки рӯзи 15 декабр нашр шуд, Фаррух Урозов бар асари шикастани 13 қабурғааш ҷон бохтааст. Маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.
Илҳом Алихонов гуфт, аз ҳама аламовар ин буд, ки Фаррухро бар асоси даъвои як зане, ки алакай ду бор зиндонӣ шудааст, ба пулис бурданд ва тӯҳмат заданд. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, ба гуфтаи Илҳом Алихонов, маълум шуд, ки даъвои он зан дар бораи гӯё ба номуси духтари хурдсоли ӯ даст дароз кардани Фаррух комилан беасос будааст.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дастикам 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҳар сол аз он кишвар ҷасади беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро ба Ватан меоранд. Омори дақиқе вуҷуд надорад, ки оё чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар идораи пулису зиндонҳо, аз ҷумла ба иллати шиканҷа, ҷон мебозанд, вале ҳалокати Фаррух Урозов дар пулиси ноҳияи Солнечногорск нахустин мавриди марги шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳҳову дар шӯъбаҳои пулиси Русия нест.
Танҳо дар моҳи декабри соли 2013, дар фосилаи ҳамагӣ 10 рӯз – аз 14 то 24 декабр – дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия якбора се тоҷик ба таври мармуз ҳалок шуданд.
Аммо пурсарусадотарин парванда марги Умаралӣ Назаров, як кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик дар пайи боздошти волидонаш аз сӯи маъмурони ФМС ва пулис дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд. Ин тифлро низ рӯзи 13 октябр ҳамроҳ бо волидонаш ба шӯъбаи пулис бурданд ва ӯ чанд соат онҷо буд. Умаралиро баъди бад шудани вазъаш ба бемористон интиқол доданд, вале ӯ рӯзи 14 октябр даргузашт. Марги ӯ мавҷи эътирозҳо дар чанд шаҳри Русия ва ҳамчунин дар Амрикову Олмон ва ҳатто дар Ҳонгконгро дар пай дошт. Вале Кумитаи тафтишоти Русия ҳафтаи гузашта гуфт, дар марги Умаралӣ кормандони пулис ва ФМС гунаҳкор нестанд.