Ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ва тартиби ҳимояи ҳуқуқи онҳо

Зерқисмати навбатии мо ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, нашъамандони тазриқӣ, коргарони шаҳвонӣ, ҳамҷинсгарон  (лесбиянка, гей, бисексуал и шахсони трансгендерӣ) бахшида шудааст.

Ҳуқуқи инсон - ҳуқук, ба хает, озодӣ, озодӣ аз ғуломӣ ва шиканҷа, озодии эътиқод ва ибрози озоди он, ҳуқуқ барои меҳнат ва таҳсил ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Ҳамаи одамон бояд ин ҳуқуқро бе истисно дошта бошанд, алалхусус шахсони бо ВНМО зиндагӣ кунанда.

ВИЧ – калимаи русӣ буда, номи кӯтоҳи вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) мебошад, яъне вирусе, ки ба системаи масуният таъсир мерасонад. Шахсе, ки бо ВНМО сироят ёфтааст, ин маънои онро надорад, ки ӯ БПНМ дорад. Пеш аз он, ки ба шахс БПНМ (Спид) инкишоф ёбад, он одатан муддати тулониро дарбар мегирад. (ба хисоби миёна 10-12 сол).

Дар барномаи мобилии "Ман ва ҳуқуҳои ман" ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, дар сурати вайрон кардани онҳо аз ҷониби кормандони тиб, ҳангоми дастгиркунӣ, дар ҷойи кор ва ғайраҳо муфассал тавсиф карда шудаанд.  Ҳама маълумот бо забони русӣ ва тоҷикӣ дастрас мебошанд ва барномаро метавонед аз инҷо зеркашӣ намоед - https://hrc.tj/archives/2595

Хотиррасон менамоем, ки ҳамаи фаъолиятҳо бо дастгирии барномаи Евразиягии Фонди  Ҷамъиятҳои Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг Траст амалӣ гашта истодаанд. Инчунин чорабиниии мазкур дар доираи лоиҳаи идораи БРСММ дар Тоҷикистон "Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон барои васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои одамон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ТҶ «Центр по правам человека» татбиқ карда мешавад, бо дастгирии молиявии ВКХ Финляндия гузаронида шуда истодааст.

#HRCTajikistan #HumanRights #mobileapp #informationcampaign #Tajikistan

#ИнформационнаяКампания #ЯиМоиправа #мобильноеприложение #БотТелеграм