Ҳуқуқшиносони тоҷик дар конфронси “Истифодаи чораҳои алтернативии маҳрумият аз озодӣ”

25-уми марти соли 2022 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси минтақавии намояндагони системаи адолати судии ҷиноятӣ таҳти унвони “Истифодаи чораҳои алтернативии маҳрумият аз озодӣ” баргузор гардид.

Дар ин бора директори ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” Наргис Зокирова дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, аз ҷумла навишт, ки “дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, институтҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон иштирок кардаанд.

Директори ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” Наргис Зокирова дар конфронс оид ба таҷрибаи мо дар мавриди пешбурди институти пробатсия дар ҶТ ва ҳамкорӣ бо СРИҶҶ ВА ҶТ сухан гуфта, ҳамзамон дар бораи нақшаҳои таъсис ва иштирок дар кори гуруҳи коршиносӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонун “Дар бораи пробатсия“ ибрози назар намудааст.

 

NoTorture.Tj