Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
1. Кумита шахсони мансабдори худро ба мӯҳлати ду сол интихоб менамояд. Онҳо метавонанд такроран интихоб карда шаванд.
2. Кумита қоидаҳои расмиёти худро муқаррар менамояд, вале дар ин қоидаҳо, аз ҷумла инҳо бояд пешбини карда шаванд:
a) шаш аъзо кворумро ташкил медиҳанд;
b) қарорҳои Кумита бо аксарияти овозҳои аъзоёни ҳузурдошта қабул карда мешаванд.
1. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид барои самаранок иҷро гардидани вазифаҳои Кумита мутобиқи ин Конвенсия ҳайат ва шароити зарури фароҳам меорад.
2. Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид маҷлиси нахустини машваратии Кумитаро даъват менамояд. Пас аз маҷлиси нахустини машваратии худ Кумита дар фосилаи мӯҳлатҳое гирд меояд, ки қоидаҳои расмиёти он пешбини менамоянд.
3. Давлатҳои аъзо хароҷоти доир намудани маҷлисҳои машваратии Давлатҳои аъзо ва Кумита, аз ҷумла ҷуброни ҳама гуна хароҷоти Созмони Милали Муттаҳидро, ба монанди пардохти ҳайат ва шароите, ки Созмони Милали Муттаҳид мутобиқи банди 3 ин Конвенсия таъмин менамояд, ба зимма мегиранд.
Моддаи 18-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф