Коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти ҳимоятгарони ҳуқуқро қонеъ накард

Коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шариповро, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтида баромад мекунад, аз болои қарори суди зинаи аввал бо асоси «наёфтан»-и хатоӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии кишвар қонеъ накард.

«Бинобар асоснок набудани далелҳои овардашуда, қарори суди зинаи аввал бетағйир мононда шавад. Барои бекор намудани қарори прокуратура оид ба ирсоли парвандаи ҷиноятӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ асос нест»,- омадааст дар қарори коллегияи кассатсионӣ.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов бо қарори суди зинаи аввал розӣ нашуда, 4-уми июли соли 2018 ба коллегияи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ бурда буданд.

Ёдовар мешавем, Суди ноҳияи Сино аризаи ҳимоятгарони ҳуқуқро, ки бекор намудани қарори Прокуратураи генералиро дар бораи супоридани парвандаи ҷиноятӣ барои тафтишоти иловагӣ ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ оид ба далели марги Исмонбой Бобоев талаб карда буданд, қонеъ насохт.

Аз рўи ин парванда Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон 7-уми августи соли 2017 мулоҳизоти худро ба Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷроиш фиристод. Дар он зикр мешавад, ки аз марги писари Ҷўрабой Бобоев зиёда аз ҳашт сол гузаштааст, вале то ҳол сабабҳои кашол додани тафтишот ва ба ҷавобгарӣ ҷалб накардани гунаҳгорон маълум нест.

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт дар РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтида баромад мекунад, ба Прокуратураи генералӣ ариза доданд. Дар ариза дархост мегардад, ки мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон иҷро шуда, тафтишот аз сар гирифта ва нафарони гунаҳгор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шаванд.

«Прокуратураи генералӣ муроҷиати ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шариповро дар бораи аз сар гирифтани тафтишот қонеъ намуд, вале бо нақзи қонун парвандаро барои тафтиши дигарбора ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ фиристод»,- мегўяд Шарипов. Барои ҳамин, қарор дода шуд, ки оид ба хатои Прокуратураи генералӣ ба Суди ноҳияи Сино муроҷиат карда шавад. Мутаассифона, суд ин аризаро беқаноат мононд.

Судяи Суди ноҳияи Сино Мирзо Одиназода дар қарори худ аз 28-уми июни соли 2018 зикр мекунад, ки Прокуратураи генералӣ ба ягон хатоӣ роҳ надодааст.

Адвокат Абдураҳмон Шарипов иттилоъ дод, ки муроҷиат ва шикоят аз амали шахсони масъуле, ки тафтишоти ғайри самаранок гузаронидаанд, 8 сол боз идома дорад.

 

Тафтишоти кашолёфта

Исмонбой Бобоеви 30-сола дар Русия кору зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда буд. Моҳи феврали соли 2010 ў барои дидорбинии волидон ва бо худ гирифтани духтараш, ки дар меҳмонии онҳо буд, ба Тоҷикистон омад. Рўзи 19-уми феврал ҷавон дар Исфара дар наздикии масҷиди асосии шаҳр боздошт шуд. Кормандони боздоштро амалинамудаи РМЗҶМ-и Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров ба Исмонбой арз доштаанд, ки ў барои узвият дар ташкилоти экстремистии «Ҳаракати исломии Туркистон» гумонбар аст ва боздоштшударо ба бинои РМЗҶМ-и вилояти Суғд бурдаанд. Худи ҳамон рўз ҷавон дар утоқи кории номбурдаҳо ҷон дод.

Тавре Ҷўрабой Бобоев - падари боздоштшуда тасдиқ намуд, дар бадани писари фавтидааш осори аёни латукўб, доғҳо дар зери зонуҳо ва пайҳои сиёҳ дар ангуштон (ба фикри ў, аз таъсири қувваи барқ боқимонда) вуҷуд доштанд. Баъди ду ҳафта аз рўи далели марги боздоштшуда Исмонбой Бобоев парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар содир намудани ҷинояти мазкур кормандони РМЗҶМ-и вилояти Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешаванд. Аммо ин нафарон танҳо аз кор озод гардида, то ҳол бо сабаби «беморӣ» - шамолхўрдагӣ ва простатит дар озодӣ қарор доранд.

10-уми марти соли 2010 хулосаи якумин ташхиси судӣ-тиббӣ дастрас гардид. Дар хулоса тасдиқ карда мешуд, ки сабаби марг «асфиксияи механикӣ» дар натиҷаи фурўбарии забон будааст. Дар баробари ин, дар хулоса оид ба сабабҳои фурўбарии забон баҳогузорӣ сурат нагирифа буд. Он гоҳ Ҷўрабой Бобоев тақозо намуд, то эксгуматсия гузаронида шавад. 6-уми апрели соли 2010 коршиносони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббӣ ташхиси такрорӣ гузарониданд. Натиҷаи он нишон дод, ки Исмонбой Бобоев аз ҷароҳатҳои қувваи электрикӣ, бемории шадиди қалбӣ - рагҳо ва тангии роҳи нафас фавтидааст, ки бе шубҳа далели истифодаи шиканҷа ва марг дар натиҷаи шиканҷаву муносибати бераҳмонаро нишон медиҳад.

Гузашта аз ин, тафтиши парванда оид ба марги Бобоев чандин маротиба қатъ гардидаву аз нав бознигарӣ шуд.

Оид ба парвандаи мазкур маълумоти муфассалро инҷо метавон дарёфт.

NoTorture.Tj