Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов ба роҳ мондани “облава”-ро аз ҷониби кормандони ин ниҳод рад карда гуфт, чунин овозаҳо асос надоранд ва то ҳануз касе бо ин роҳ ба хизмати аскарӣ ҷалб карда нашудааст.
Гулов имрӯз дар суҳбат бо мо гуфт, овозаҳо дар мавриди бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хизмати ватан ҷалб намудани ҷавонон асоси воқеъӣ надоранд, баракс ҳар рӯз 3-4 нафар бо хоҳиши худ ба комиссариат омада, аризаи ба аскарӣ рафтанро менависанд. Номбурда дар мавриди тариқи “облава” ба хизмат бурдани муҳосиби Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Бегалиев Ризвон гуфт, ӯ худаш ба онҳо муроҷиат намуда, бо хоҳиши худ ба хизмат рафтааст. Ӯро касе маҷбурӣ ба комиссариат наовардааст.
- Бегалиев Ризвонро мо нағз мешиносем. Ӯ худаш ба комиссариат муроҷиат карда, аризаи ба хизмат рафтанашро навиштааст. Ба ғайр аз ин, се маротибаи дигар ба хонаашон даъватнома фиристода шудааст, ки онро бо дасти худашон гирифтаанд. Ризвон маълумоти олӣ дорад ва як сол бояд хизмат кунад. Ӯ худаш ҳам инро нағз медонад, - гуфт комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов.
Комиссар беасос будани шикояти волидонро дар хусуси “облава” бо он асоснок мекунад, ки бархе аз волидайн, ба хусус модарон, барои ба аскарӣ рафтани фарзандонашон зид ҳастанд ва писарони синни хизматиашон аз хона гурехта, ба комисссариати ҳарбӣ меоянд, то ба хизмати Ватан раванд.
- Масалан, дирӯз як шаҳрванд ба мо муроҷиат карда гуфт, ки аз хона гурехта омадааст ва ба хизмат рафтан мехоҳад. Мо падару модарашро ба комиссариат даъват кардем. Падараш розӣ аст, ки писараш рафта хизмат кунад, вале модараш мегӯяд, ки хизмат наравад. Баъзе модарон, ки маълумоти олӣ надоранд, хонанишинанд, саводи кам ва фикру ақидаи нодуруст оид ба хизматро доранд, - иброз намуд Гулов.
Рад шудани вуҷуди “облава” аз ҷониби Комиссар Гулов дар ноҳияи Панҷ дар ҳолест, ки се рӯз пас аз эълони оғози даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон - 3-юми октябр, Нуралӣ Бегалиев, сокини ҷамоати “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ дар сӯҳбат бо мо аз маҷбуран ба комиссариати ҳарбии ноҳия бурдану худи ҳамон рӯз ба шаҳри Қурғонтеппа фиристодани писари 22-солааш Ризвон Бегалиев, муҳосиби Беморхонаи марказии ҳамин ноҳия, хабар дод. Нуралӣ Бегалиев он замон гуфта буд, ки аз ҷониби намояндагони комиссариати ноҳия ягон даъватнома нагирифтаанд ва писарашро аз утоқи корӣ мисли ҷинояткор дастгир карда бурдаанд. Ба гуфтаи Нуралӣ Бегалиев, худи “облавашуда” Ризвон Бегалиев низ соати 23-и шаби 3-юми октябр ҳангоми вохӯрӣ дар Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтааст, ки дар утоқи кориаш “облава” шудааст ва ҳатто намедонад телефони мобилиашро кӣ гирифтааст.