"Қонун дар рӯи коғаз намонад"

Масъулони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон аз ворид шудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавӣ-ҷиноӣ, ки сабукиҳоеро барои боздоштшудаҳо дар назар дорад, истиқбол карда, аммо аз мақомот ҷиддан хостаанд, ки ин қонун “дар рӯи коғаз намонад”.

Нигина Баҳриева, раиси созмони "Нотабене", рӯзи 8 июн дар суҳбат бо Озодӣ аз ин тарҳ ба унвони кафолати зидди шиканҷа ном бурд. Ӯ гуфт, "воқеан, як қадами ҷиддии мусбат аст, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон гузошта шудааст, вале ҳадафи мо ин аст, ки тағйироти мазкур дар коғаз намонад ва амалан мавриди иҷро қарор дода шавад."

Тибқи тарҳи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси мурофиавӣ - ҷиноӣ ворид карда шудаанд, муҳлати боздошти айбдоршавандаҳодар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ё СИЗО танҳо се рӯз таъин карда шудааст. Ин қонунро раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ имзо гузоштааст.

Ҳамин тавр, бар асоси ин ислоҳот марҳилаи ҳолати боздошти фарди айбдоршаванда содда карда шуда ва мақомот муваззаф шудаанд, ки аз лаҳзаи боздошт, пайвандон ва вакили мудофеи ӯро огоҳ намоянд. Инчунин, кормандони умури дохилае, ки масъулияти ҷараёни боздоштро бар ӯҳда доранд, вазифадор шудаанд, афроди боздоштшударо ба тавришифоҳӣаз ҳуқуқаш огоҳ намоянд. Бар асоси ин тағйирот, қабл аз ҷо ба ҷо кардани нафари гумонбар дар боздоштгоҳ, бояд аз ташхис ё муоинаи тиббӣ гузарад.

Ин ислоҳот дар ҳолест, ки масъулони Боздоштгоҳҳо ва созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯянд, дар муқоиса ба солҳои пеш, муроҷиати сокинон дар робита ба мавориди шиканҷа шудани айбдоршавандаҳо дар боздоштгоҳҳои мувақатӣ коҳиш ёфтааст. Саидҷаъфар Саидов, сардори боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, “нисбат ба боздоштшудаҳое, ки барои чор ё панҷ рӯз ба инҷо оварда мешаванд, ягон зӯргӯӣ ё шиканҷа сурат намегирад. Ҳар чизе, ки аз тарафи наздиконашон оварда мешавад, ҳатман дастрас карда мешавад. Тайи чор соли охир вазъ боз ҳам беҳтар шудааст. Дар пештоқи даромадгоҳи боздоштгоҳи мо навишта шудааст, ки ба ҳеч кас шиканҷа ва ё муносибати ғайриқонунӣ раво дида намешавад”.

Мониторинг ё бозрасии муштараки Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бо баъзе аз созмонҳои зидди шиканҷа дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва муасисаҳои ислоҳӣ аз кам шудани мизони шиканҷа низ дар ин боздоштгоҳҳо дарак медиҳад. Ҳусниддин Нидоев, муовини раиси Омбудсмен гуфт, ин бозрасӣ дар 8 боздоштгоҳи муваққатӣ сурат гирифтааст. “Дар чанд моҳи соли ҷорӣ ҳеч шикоят аз мардум нарасидааст. Муносибат бо боздоштшудаҳо рӯ ба беҳбуд овардааст,” – афзуд Нидоев.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон дар соли 2015, 45 шикояти марбут ба ҳолати шиканҷа ва бадрафторӣ сабт шуда ва чор моҳи дар соли равон ин рақам ба 37 адад расидааст. Ба таъкиди намояндагони созмонҳоизидди шиканҷа дар бештари марвидҳо волидони афроди шиканҷашуда ба шикоят лаб намекушоянд ва ба одилона ҷараён гирифтани тафтишот ҳам эътимод надоранд.

Ҳамакнун панҷ созмони зидди шиканҷа ва дифоъ аз ҳуқуқи башар дар баёнияи худ ба мақомоти зидахли Тоҷикистон се тавсияро барои беҳтар шудани вазъи афроди айбдоршавнада дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ё СИЗО–ҳо ироа кардаанд:

1. Аз мақомоти Тоҷикистон хоста шудааст, ки барои амалан ба иҷро даровардани тағйиру иловаҳо шароит муҳайё карда шавад;

2. Ташкили давраҳои омӯзишӣ ва ошноии кормандони боздоштгоҳҳои муваққатӣ ё СИЗО-ҳо бо ислоҳоти ахир;

3. Дар сурати нақз шудани тағйиру иловаҳои ахир аз ҷониби кормандони корҳои дохилӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани онҳо.

Масъулони созмонҳои зидди шиканҷа мегӯянд, бо вуҷуди иддаои масъулон дар робита ба беҳтар шудани вазъи боздоштшудаҳо дар боздоштгоҳҳо ва коҳиши мавориди шиканҷа, танҳо пас аз мавриди иҷро қарор гирифтани тағйиру иловаҳои ахир метавон бовар кард, ки фазои солим дар ин бахш ба вуҷуд омадааст.

Ozodi