Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони судро бо иди касбияшон табрик мегӯяд!
Барои қабули қарори тақдирсоз ва баровардани ҳукми дуруст на танҳо дониши амиқ дар самти қонунистифодабарӣ ва фаҳмиши хуби ҳолати равонии одамону доштани хотираву таваҷҷуҳи аъло, балки иродаи беҳамто, хислати қавӣ ва эътимод доштан ба худ низ лозим аст. Танҳо дар сурати соҳиб будан ба ҳамаи ин хислатҳо, метавон дилпурона масъулияти ҳаёти каси дигарро бар дӯш гирифт.
Бо самимияти тамом хоҳони онем, ки шумо ҳеҷ гоҳ хато накунед, танҳо қарорҳои дуруст қабул намоед ва ба ҳақ будани худ шубҳа надошта бошед.
Бароятон хушбахтӣ, саломатӣ ва бурдборӣ хоҳонем!