Коршинос аз Молдова - оид ба таҷрибаи кишвараш дар мавриди тафтиши самараноки парвандаҳои вобаста ба шиканҷа

Гузориш дар доираи вохӯрии кории “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирӣ ва такмили механизмҳои тафтишот”, ки рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд, омода гардидааст.

Зимни баромади худ коршинос аз Молдова ҷаноби Ион Каракуян изҳор дошт, ки дар ҳайати Прокуратураи генералии Молдова шуъбаи мубориза бо шиканҷа амал мекунад ва прокурорҳои ин шуъба назорати риояи қонунҳоро дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва/ё таъқиби ҷиноятӣ дар мавриди парвандаҳои вобаста ба шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ амалӣ месозанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар асоси фармони Прокуратураи генералӣ дар тамоми сохторҳои додситонии ҳудудӣ барои таъини прокурорҳо (1-2 нафар) барои тафтиши парвандаҳои марбут ба муносибати ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф қарор содир шудааст.

Вай қайд кард, ки тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Молдова, прокурорҳо салоҳияти истисноии тафтиши шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати ғайриинсониро доранд.

Бар асоси ин тадбирҳо барои воқеан таъмин намудани мустақилияти ин прокурорҳо чораҳои зарурӣ ба миён омаданд. Аз ин рӯ, ин прокурорҳо дар дигар парвандаҳои ҷиноятии ба ҳамкории муштарак бо кормандони милитсия, кормандони системаи пенитенсиарӣ, кормандони Маркази мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумрук алоқаманд вобастагӣ надоранд.

«Бо мақсади таъмини мониторинги қатъии парвандаҳо бо фармони Прокурори генералӣ тартибе муқаррар карда шуд, ки тибқи он мақомоти прокуратураи ҳудудӣ ва махсусгардонидашуда ҳангоми ба қайд гирифтани маълумот дар бораи ҳодисаҳо ва ҷиноятҳои марбут ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони милитсия ё дигар мансабдорон, тамоми муассисаҳои тиббӣ ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар давоми 24 соат гузориши махсусеро пешниҳод кунанд, ки дорои маълумоти асосӣ дар бораи ҳолати бамиёномада бошад",- гуфт ҷаноби Ион Каракуян.

Прокурорҳои шуъба риояи меъёрҳои самаранокии тафтишотро месанҷанд, ёрии методӣ мерасонанд ва бо тартиби назорати зинавӣ (аз номи Прокурори генералӣ) қарорҳо дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ё боздоштан/қатъ намудани таъқиби ҷиноятиро месанҷанд.

Ҳамзамон, шуъба ҳисоботи ягонаи оморӣ дар ҳудуди тамоми ҷумҳурӣ ҳам дар бораи санҷишҳои пешакӣ (ва натиҷаи онҳо) ва ҳам дар бораи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷаро, ки дар истеҳсолот қарор доранд, пеш мебарад.

Ба омодагии касбии прокурорҳое, ки барои тафтиши парвандаҳои шиканҷа таъин шудаанд, ҷиҳати таъмини риояи меъёрҳои самаранок аз ҷониби ҳуқуқшиносии байналмилалӣ барои санҷишҳои дар боло зикргардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ҳамин тариқ, барои ин прокурорҳо бо иштироки коршиносони байналмилалӣ бо мақсади пешбурд ва интиқоли таҷрибаи пешқадам аксар вақт семинарҳои мавзӯӣ гузаронида мешаванд.

Дар мавриди хусусиятҳои тағйироти қонунгузорӣ бошад, соли 2012 ба Кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Молдова тағйирот ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи нав - моддаи 166, прим 1 - «Шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф» ворид карда шуд, ки ба қонунгузории ҷиноятии мамлакати мо таъсири дучанд расонд: бори аввал ҷазои ҷиноятӣ барои кирдорҳое пешбинӣ гардид, ки дар пай муносибати ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф доранд; ҷазои ҷиноятӣ барои кирдорҳои шиканҷа хеле пурзӯр карда шуд.

Ҳамзамон, ба қисми умумии Кодекси ҷиноятӣ тавре тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи муқаррароти мавҷуда муҳлати даъво ва авф нисбати ҷинояти шиканҷа татбиқ намегардад, инчунин дар ин мавридҳо ҷазои сабуктареро, ки қонун пешбинӣ кардааст, татбиқ намудан мумкин нест.

Ҳамин тавр, тибқи моддаи 147, қ.(11)-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, дар парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа/муносибати бераҳмона ташхиси ҳамаҷониба бо гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ, равоншиносӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ дигар намудҳои ташхис ҳатмист.

Ин муқаррарот барои таъини чунин қабил ташхисҳо шароити заруриро фароҳам меорад, зеро амалҳои шиканҷа/муносибати ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф оқибатҳои ҷисмонӣ ва равониро дар бар мегиранд.

Инчунин, дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ҳуқуқи дастрасӣ ба муоинаи тиббӣ ва ёрии мустақили тиббӣ, аз ҷумла аз ҳисоби худ пешбинӣ гардидааст.

Бояд қайд кард, ки агар шахс ариза надиҳад, вале барои дарёфти ёрии тиббӣ муроҷиат кардаву дар бораи татбиқи чораҳои ноҷоиз нисбаташ шикоят кунад, духтур вазифадор аст дар бораи ин маълумот прокуратураро хабардор созад.

Ҳамаи ин тадбирҳои қонунгузорӣ барои пешгирӣ ва барҳам додани беҷазоӣ зарур буданд.

Бо дарназардошти ин, дар ду соли охир судҳо бештар ба татбиқи ҷазо дар шакли ҳабси воқеӣ дар ҳолатҳои шиканҷа шуруъ кардаанд.

«Таҷрибаи Шуъбаи мубориза бо шиканҷаи Прокуратураи генералии Молдова, ки солҳои охир ба даст омадааст, пешравии назаррасро дар самти пешгирии падидаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона собит мекунад ва аз ин рӯ, мо омодагии худро барои мубодилаи таҷрибае, ки дар ин самт ба даст оварда шудааст, изҳор медорем»,- қайд кард чаноби Ион Каракуян.

NotortureTj