Кумаки амалии САҲА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии КОВИД-19

Баъди зуҳури бемории коронавирус ва паҳн гардидани он дар ҷаҳон, бисёр созмонҳои ҷаҳонӣ кӯшиш карданд, ки ҷиҳати пешгирии ин вабо дар канор намонанд. Яке аз чунин созмонҳои фаъол САҲА буд, ки аллакай аз рӯзҳои аввали мубориза бо коронавирус корҳои зиёдро амалӣ кард.

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо мақсади таҳкими кӯшишҳои мубориза алайҳи пандемияи КОВИД-19, ба шарикони худ дар вазоратҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба маблағи 50 000 евро кумаки амалӣ расонид. Дафтар маводҳоро аз 22-юми июл то 4-уми августи соли 2020 ба шарикони худ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт дастрас намуд. Кумак дар шакли лавозимоти муҳофизати шахсӣ ва безараргардонӣ буд, ки ҳароратсанҷҳои инфрасурхи фосилавӣ, ниқобҳои тиббӣ, дастпӯшҳои ташхиси тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, бастаҳои дастпоккунҳои зидди бактериявӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва собунҳои зидди бактериявиро дар бар мегирифт.

“САҲА омода аст минбаъд ҳам шарикони тоҷикистонии худро дар самти пешгирии паҳншавии КОВИД-19 дар Тоҷикистон тавассути фаъолияти барномавии худ ва таъмини лавозимоти муҳофизатии шахсӣ дастгирӣ кунад. Мо боварӣ дорем, ки дар якҷоягӣ ҳамкорӣ намуда, муборизаро бо коронавирус дар Тоҷикистон боз ҳам самараноктар карда, ҳаёти одамонро наҷот медиҳем ва оқибатҳои пандемияро дар кишвар коҳиш медиҳем”,- гуфта буд Сафир Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.

Бояд гуфт, ки ин даври сеюми кумаки амалии марбут ба пешгирии КОВИД-19 буд, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА ба шарикони худ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 200 000 евро пешниҳод кард. Моҳи апрел низ Дафтар ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ ва маводҳои безараргардониро тақдим карда буд. Дар аввали моҳи июл, Дафтар инчунин ба маъмуриятҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт, аз ҷумла ба шарикони худ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ лавозимоти муҳофизати шахсӣ ва безараргардониро тақдим карда буд.

NoTorture.Tj