Лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолати судӣ: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ»

Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад ва Бунёди Ҳолланд - «Perspectivity Challenge» лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолати судӣ: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ»-ро амалӣ менамоянд.

Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани иқтидор дар самти пешгирии шиканҷа, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешбурди ислоҳоти одилонаву муассири низоми пенитенсиарӣ мебошад.

Агар шумо ё хешовандонатон ба шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона дучор шуда бошед, метавонед дар рӯзҳои корӣ аз соати 9:00 то 17:00 ба қабулгоҳи ҳуқуқӣ бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, утоқи 511 (бинои Тоҷикматлубот) ва шаҳри Хуҷанд, хиёбони И. Сомонӣ 42, утоқи 117 барои дарёфт кардани кумаки ройгони ҳуқуқӣ муроҷиат намоед.

Инчунин метавонед тариқи телефонҳои боварии Гурӯҳи кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат намоед:

• Дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ

+992 98 787 66 66

 

• Дар минтақаҳои вилояти Суғд

+992 98 787 33 33

• Дар шаҳри Душанбе ва НТМ

+992 98 708 76 76

NotortureTj