«Маҳбусон заҳролуд нашудаанд». Вокуниши СРИҶҶ ба заҳролудшавии маҳбусон аз об дар Ваҳдат

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ оид ба заҳролудшавии 40 маҳбус дар колонияи Ваҳдатро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, рад кард.

Хабар дар бораи заҳролудшавии маҳбусон дар маҳбаси Ваҳдат аз оби сарчашмаҳои зеризаминӣ, ки гӯё аз зарурат истифода бурдаанд, субҳи имрӯз дар «Фейсбук» пахш гардид.

Бино ба иттилои СРИҶҶ, ягон далеле вуҷуд надорад, ки гуруҳи маҳбусон дар муассисаи пенитенсиарии ба наздикӣ кушодашудаи ЯС3/1 дар шаҳри Ваҳдат аз оби ошомиданӣ заҳролуд шуда бошанд.

Тибқи иттилои манбаъ, айни замон маҳбусон дар ин муассиса мувофиқи тартиби муқарраршуда адои ҷазо мекунанд.

«Дар қисми тиббӣ ва дигар бахшҳои муассисаи пенитенсиарӣ дар мавриди заҳролудшавӣ аз ҷониби маҳбусон муроҷиат набуд»,- посух доданд дар СРИҶҶ.

Дар ин ниҳод зикр намуданд, ки 20-уми августи соли 2021 дар маркази Хадамоти назорати санитарӣ-эпидемиологии давлатии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси намунаи об аз ин муассиса гузаронида шудааст. Тибқи хулосаи ташхисгарон, об ба талабот мутобиқат мекунад ва барои истифода иҷозат дода шудааст.

Asia-Plus