Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маркази таҳлилӣ фаъолияти худро дар асоси Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилоф амалӣ намуда, фаъолияти Эътилоф ва гуруҳҳои кориро ҳамоҳанг месозад.
Эътилоф бо гузаронидани вохӯриҳо бо дипломатҳо ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, омодасозии гузоришҳои таҳлилӣ ва пешниҳоди тавсияҳои худ дар пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар сатҳи милливу байналмилалӣ фаъолияти густурдаро амалӣ менамояд.
Моҳи майи соли 2018 гузориши даврии сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баррасӣ гардида буд. Аз ҷониби Эътилофи зидди шиканҷа дар якҷоягӣ бо ШБҲИ гузориши ТҒД ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ омода карда шуд, ки бо забонҳои русӣ ва англисӣ дастрас аст.
Аъзои Эътилоф дар брифинги аъзои Кумитаи зидди шиканҷа бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар он мушкилоти асосӣ дар самти огоҳнамоӣ ва муборизаи самаранок бо шиканҷа баррасӣ гардидаву тавсияҳои мувофиқ дода шуд, иштирок намуданд.