Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба таҳия ва коркарди тафсири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти қудратӣ, созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ ва коршиносон ширкат карданд.
Дар ин ҳамоиш Саидаҳмад Икромов, менеҷери Барномаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати Барномаи Рушди СММ зикр кард: “Тайи зиёда аз ду сол аст, ки Барномаи Рушд ҳамроҳи барномаҳои дигар шарикон, ба монанди Фонди Сорос ва дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатиро дар татбиқ намудани стандартҳои протоколи стамбулӣ дастгирӣ менамояд. Дар ин давра ҳуҷҷатҳои дохилии духтурони муассисаҳои ислоҳотӣ оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа, тренингҳои махсус оид ба истифода бурдани ин гуна ҳуҷҷатҳо гузаронида шудаанд. Умедворем, ки саъю талоши шарикон дар ин самт боиси решакан шудани шиканҷа ва дигар намуди муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад”.
Ҳамчунин, Парвина Наврӯзова, корманди ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон” дар мавриди натиҷаи Лоиҳа оид ба баланд бардоштани фаъолияти табибон тибқи принсипҳои Протоколи Истамбулӣ ва коркарди тафсири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: “Протоколи Истамбулӣ аз шакли кӯтоҳи Тафтишоти самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ки аз тарафи Ассамблеяи генералии СММ ва Комиссия оид ба ҳуқуқи инсон соли 2000 қабул гардидааст, гирифта шудааст. Бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи корӣ таъсис шуд ва ҳар сол мо нақшаи кориву амалиамонро оид ба иҷро кардани стандартҳои ин протокол тартиб медиҳем. Дар ду соли охир мо бо духтурони муассисаҳои тиббии шаҳрӣ ва дигарон оид ба ворид намудани меъёрҳои Протоколи Истамбулӣ ба ҳуҷҷатҳои дохилӣ, инчунин баланд бардоштани дониши кормандони тиб ва дигар мутахассисон оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ ҳамкорӣ доштем”.
Наврӯзова ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи лоиҳаи мазкур тренингҳо баргузор карда шуданд, ки дар онҳо намояндагони соҳаи тандурустӣ ширкат карданд ва омӯзонида шуд, ки чӣ гуна метавонанд бо ин ҳуҷҷатҳо кор кунанд. Бахусус вақте духтур мебинад, ки шахс шиканҷа шудааст ва чӣ вокуниш медиҳад, чӣ гуна ҳуҷҷатгузорӣ ва муоина бояд кунад, омӯзиш дода шуд. Ӯ изҳор дошт, ки “ҳангоми кори гуруҳӣ бо духтурон чӣ тавр акс гирифтан, чӣ хел хулосаи тиббиро тартиб додан ва ҳуқуқҳо ва вазифаҳои духтурон вақти ба суд даъват кардан ва ғайра омӯзонида шуд”.
Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш муаррифии натиҷаи коркарди тафсири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Зубайдулло Камолов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ў изҳор дошт, ки “баъди 6-уми августи соли 2001 зиёда аз 15 сол гузашта бошад ҳам, ҳанўз тафсир тартиб дода нашудааст. Новобаста аз он, ки Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бисёртар хусусияти комплексӣ дорад. Мо ҳангоми татбиқ намудани меъёрҳои он бештар такя мекунем ба дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки мумкин аст аз ҷониби дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷро ва адои ҷазо қабул карда шаванд. Аз ҳамин сабаб, тартиб додани тафсири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон хеле зарур аст”.
Ӯ ҳамзамон илова кард, ки шуруъ аз қабули Конститутсия то ҳоло ислоҳоти системаи ҳуқуқӣ бо суръат пеш меравад, ки ин қонунҳо самтҳои асосии фаъолияти давлатро дар мубориза бо ҷинояткорӣ муайян менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур бо ҳамкории Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ тренинг барои духтурони низоми пенетенсиарӣ, намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва адвокату ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин, бо ташаббуси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ раванди коркарди шарҳу назарҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда буд.