Мониторинг: ба маҳкумшудагони ноболиғ равоншинос таъмин карда мешавад

Мониторинг[1]: ба маҳкумшудагони ноболиғ равоншинос таъмин карда мешавад

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тибқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, Вазоарти адлия ҷиҳати иҷрои зербандҳои 1, 2, 3, 4 ва 6, банди 16-и нақша корҳои муайянро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, мониторинги таҳлилии иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 (дар фосилаи солҳои 2019-2020) гузаронида шудааст. 21-уми сентябри соли 2020 нақшаи ҳамкориҳо (чорабиниҳо) байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021 ба имзо расонида шудааст. Дар банди 6-и нақшаи ҳамкориҳои номбурда гузаронидани таҳлили қонунгузорӣ дар соҳаи адлияи ноболиғон ҷиҳати мутобиқати он ба Қоидаҳои стандартии ҳадди ақали СММ оид ба адолати судӣ нисбати ноболиғон (Қоидаҳои Пекин), Принсипҳои роҳбарикунандаи СММ оид ба пешгирикунии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон (Принсипҳои роҳбарикунандаи Риёз) ва Принсипҳои роҳбарикунандаи вобаста ба адолати судӣ ва масоили ба кӯдакон-қурбониёну шоҳидони ҷиноят тааллуқдошта пешбинӣ карда шудааст. Айни замон аз ҷониби намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон коршиноси миллӣ муайян карда шуда, таҳлили қонунгузории мазкур оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, ки соли 2020 ҷиҳати такмили ихтисоси ҳайати кормандони муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ аз ҷониби вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, маориф ва илм курсҳои такмили ихтисос ташкил ва гузаронида шудаанд.

Бо мақсади иҷрои зербанди 4, банди 16-и нақша бошад, бояд қайд намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июли соли 2020, №387 «Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазо намуда барои солҳои 2020-2024» қабул гардидааст. Ҳадафи барномаи мазкур аз тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазо намуда мутобиқ ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбат ба кӯдакон мебошад, ки барои ташаккул ва рушди низоми байниидоравии тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии ноболиғони дар муассисаҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳдуд кардани озодӣ адои ҷазо намуда замина мегузорад. Ҳамзамон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2020, №431 “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон барои солҳои 2020-2025” қабул карда шудааст. Барномаи мазкур муносибати арзандаро нисбати ноболиғон таъмин менамояд, ки тибқи он ҳуқуқ ва шаъну эътибори ноболиғон эҳтиром карда мешавад, эҳтиёҷоти ҳар як ноболиғ ба назар гирифта шуда, барои коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон мусоидат мекунад.

- Бо мақсади тақвият бахшидани корҳо дар самти таъмини равоншинос ба маҳкумшудагони ноболиғ аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тариқи шартнома як мутахассиси соҳа ҷалб карда мешавад,- омадааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj