Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинг[1]: дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд
Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.
Мувофиқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, ҷиҳати иҷрои зербанди 1, 2, 4, 5 ва 6, банди 19-и нақша бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми феврали соли 2015 Консепсия оид ба корҳои тарбиявӣ-сиёсӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Дар асоси ин консепсия вазорати мудофиа дастури методӣ оид ба барҳам додани муносибатҳои ғайриоинномавӣ, ҳолатҳои худкушӣ ва ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастур оид ба пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, тартибот ва қонуният дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намудааст. Ин ҳуҷҷатҳо тартиб, вазифаҳо ва роҳҳои муқобилият бо шиканҷа, тафтиш ва ҳуҷҷаткунонӣ, сабабҳои ба муносибати бераҳмона дар артиш мусоидаткунанда ва роҳҳои пурзӯр намудани интизоми ҳарбиро пешбинӣ менамоянд. Ҳамчунин, тибқи қарори Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ аз соли 2012 инҷониб камераҳои мушоҳидавӣ насб шудаанд. Дар асоси фармонҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ бо телефони боварӣ ва қуттиҳо барои арзу шикоятҳо таъмин шудаанд. Ғайр аз ин, аз тарафи роҳбарияти мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҳамасола нақша-чорабиниҳои мукаммал оид ба ҳамкории сохторҳои қудратӣ ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои шиканҷа, вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо ва аз ҷониби командирон баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ки боиси расонидани зарар ба саломатии хизматчии ҳарбӣ гаштааст, таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
- Аз ҷониби кормандони прокуратура бо таҳқиқбарандагони ҳарбӣ дар як сол ду маротиба машғулият оид ба ошкор, пешгирӣ ва тафтиш намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ, аз ҷумла вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ аз ҷониби афсарон, прапоршикҳо ва сержантҳо, ки боиси расонидани зарар ба саломатии хизматчиёни ҳарбӣ гаштааст, гузаронида мешавад. Ба замми ин, аз ҳисоби кормандони прокуратураи ҳарбӣ гуруҳи кории доимоамалкунанда бо ҷалб намудани мутахассисони судӣ-тиббӣ созмон дода шудааст, ки мунтазам бадани хизматчиёни ҳарбиро ҷиҳати мавҷуд будани зарари ҷисмонӣ аз муоина мегузаронанд,- зикр гардидааст дар гузориш.
Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.
Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!
Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.
Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.
Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.
Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.
Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj
Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:
#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!
#IamForTheEliminationofTorture!
[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа