Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинг[1]: ҳамроҳ шудан ба Протоколи факултативӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад
Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.
Тибқи нишондоди гузориши ин мониторинг, вобаста ба иҷрои банди 21-и нақша бояд қайд намуд, ки Суди Олӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсиси гуруҳи корӣ ҷиҳати омӯхтани масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷаро мувофиқи мақсад мешуморанд.
- Вазорати адлия қайд менамояд, ки қабули санади мазкур ба давлатҳои аъзо як қатор уҳдадориҳои иловагиро ба бор меорад. Баъзе аз моддаҳои Протоколи иловагӣ бо меъёрҳои моддаҳои Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунанд. Таҳлили масъала дар маҷмуъ нишон дод, ки расмиёти ҳамроҳшавӣ ба Протоколи иловагӣ танҳо хусусияти техникӣ дошта, татбиқи он зарурати ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳоро ба низоми амалкунанда ва қонунгузорӣ талаб менамояд. Ғайр аз ин, вобаста ба масъалаи мазкур байни вазорату идораҳои марбута мавқеи ягона мавҷуд набуда, корҳо дар ин самт идома доранд,- омадааст дар гузориш.
Банди 22-и нақша бошад, иҷро гардида истода, вобаста ба масъалаи мазкур дар бахшҳои алоҳидаи сомонаҳои Вазорати корҳои хориҷӣ (www.mfa.tj), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (www.ombudsman.tj), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (www.vhk.tj) ва Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон (www.khit.tj) пайваста маълумоти зарурӣ оид ба тавсияҳо ва гузоришҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн карда мешавад.
Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.
Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!
Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.
Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.
Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.
Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.
Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj
Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:
#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!
#IamForTheEliminationofTorture!
[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа