Мониторинг: муроҷиатҳо дар бораи шиканҷаро мақомот баррасӣ мекунанд

Мониторинг[1]: муроҷиатҳо дар бораи шиканҷаро мақомот баррасӣ мекунанд

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тибқи нишондоди гузориши натиҷаҳои мониторинг, вобаста ба зербанди 1 ва 2, банди 2-и нақша Прокуратураи генералӣ иттилоъ додааст, ки баррасии муроҷиатҳо ва хабар дар бораи шиканҷаро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва мақомоти прокуратура, ки дар фаъолияти худ ҳам ба таври ташкилӣ ва ҳам ҳуқуқӣ аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мустақил мебошанд, амалӣ менамоянд. Зимнан, омӯхтани таҷрибаи дигар давлатҳо ва тайёр намудани тавсияҳо оид ба ташкил намудани механизми алоҳидаи мустақили тафтишоти ҳолатҳои шиканҷа идома дорад.

Ҷиҳати иҷрои зербанди 3, банди 2-и нақша бошад, аз ҷониби Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо раёсату шуъбаҳои дахлдори Прокуратураи генералӣ ҳангоми амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ 11-уми апрели соли 2019 бо ҷалби 40 нафар ёрдамчиёни прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва 22-юми майи соли 2019 бо ҷалби 19 нафар прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо дар мавзуҳои тарзу усулҳои гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, аз ҷумла риояи талаботи қонун дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс, ваколатҳои прокурор дар баамалбарории назорати прокурорӣ вобаста ба риояи талаботи қонун дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва тафтиши пешакӣ машғулиятҳо ҷиҳати пешгирии шиканҷа гузаронида шудаанд.

Инчунин, тибқи барномаи таълимии донишкада дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” дар мавзуи “Тарзу усули санҷиш ва тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона”, “Принсипҳои тафтиш ва ҳуҷҷатгузории самараноки ҳолатҳои шиканҷа тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ” рӯзҳои 11-14-уми апрели соли 2019 бо ҷалби 26 нафар муфаттишони мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, рӯзҳои 18-21-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ҷалби 31 нафар муфаттишони Прокуратураи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, рӯзҳои 25-28-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ҷалби 23 нафар муфаттишони Прокуратураи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он машғулиятҳо гузаронида шудаанд. 26-28-уми феврали соли 2020 бо ҷалби 26 прокурори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Тарзу усули санҷиш ва тафтиши ҳолатҳои шиканҷа бо истифода аз воситаҳои муосири таълим” машғулияти омӯзишӣ гузаронида шудааст. 13-26-уми августи соли 2020 бо ҷалби 70 корманди мақомот доир ба мавзуи «Назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва 16-21-уми ноябри соли 2020 бо мутахассисони ҷавон - кормандони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратура машғулияти семинарӣ дар мавзуи «Тарзу усулҳои ошкор ва пешгирӣ кардани шиканҷа» баргузор шуда, масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва дигар усулҳои норавои тафтишот ва таҳқиқ мунтазам (ҳар семоҳа) таҳлилу ҷамъбаст ва мавриди чораҷуӣ қарор мегирад. Машғулиятҳои таълимӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир, аз ҷумла бо тариқи интерактивӣ, омӯзиши адабиёту қонунгузории нав ва ҷалби олимону мутахассисон амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади огоҳсозии ҷомеа дар мавриди далелҳои марбут ба дилхоҳ тафтиши тасдиқи истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона соли 2020 аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ дар зиёда аз 40 идораю ташкилот, муассиса, ҷамоатҳои деҳот ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона вохӯриҳо гузаронида шудааст. Вобаста ба ин масъала ҳамчунин аз ҷониби кормандони дастгоҳи Прокуратураи генералӣ дар раёсатҳои кофтукови ҷиноятӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таҳқиқ ва тафтишотии ВКД ҶТ, РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, АНМН ва як қатор шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вохӯриҳо баргузор карда шудаанд. Машғулиятҳо бо истифодаи тарзу усулҳои муосири таълим вобаста ба ҳар як мавзуъ мувофиқан ба тарзи назариявӣ, лексионӣ, лексионӣ-амалӣ, интерактивӣ, ҳуҷуми зеҳнӣ ва дигар усулҳо гузаронида шуда, машғулиятҳои амалӣ тариқи кор дар гуруҳҳо, кори инфиродӣ, нақшаҳои саҳнавӣ, таҳлили ҳолатҳои мушаххас оид ба мавзуҳои баррасишаванда таъмин карда шудаанд,- зикр гардидааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

 

NoTorture.Tj