Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинг[1]: офиятбахшии қурбониёни шиканҷаро вазорат муҳим медонад
Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.
Мувофиқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, вобаста ба иҷрои зербанди 5, банди 17-и нақша аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таҳлил ва натиҷаи мониторинги сифати истифодаи амалии «Протоколи шаҳодатгардонии тиббии шахсони дастгиршуда» гуруҳи мақсадноки мутахассисони зарурӣ муайян гардидааст. Қабл аз ин, ба тренингҳо мутахассисони соҳаҳои гуногун сафарбар мешуданд, ки омӯзиши онҳо натиҷаи дилхоҳ наовард, зеро қисми зиёди мутахассисони дар омӯзиш иштирокнамуда бинобар ҷалб нашудан ба шаҳодатгардонӣ, донишҳои гирифтаро дар амал татбиқ накарданд. Дар чорчӯбаи омӯзиши стандартҳои озодӣ аз шиканҷа вазорат гузаронидани силсилаи тренингҳо барои гуруҳҳои мақсадноки мутахассисон, инчунин дар заминаи муассисаҳои таълимии такмили ихтисоси кормандони тиббӣ ворид намудани барномаҳои таълимиро дар ин самт ба нақша гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки барномаи таълимии Муассисаи давлатии «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо» барои соли 2020 таҳия ва тасдиқ гардида, дар муассисаи мазкур кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, кормандони иҷтимоии хона-интернатҳо, марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз даврҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта истодаанд. Вобаста ба нақшаи тасдиқшуда 17 мавзуҳои гуногун, аз ҷумла, хизматрасонии иҷтимоӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар гуруҳҳои таълимӣ гузаронида мешавад. То 1-уми июни соли 2020 ҷамъ 48 корманди иҷтимоӣ ба бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Дар доираи ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар хатмкардагони факултети «Корҳои тиббӣ-офиятӣ» дар Донишкадаи «MOBILITY INDIA»-и шаҳри Бангалори Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки мутахассисонро оид ба реабилитатсияи тиббӣ омода менамояд, бо маблағгузории ташкилоти мазкур омӯзонида шудаанд. Мақсад аз таҳсил дар муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар баланд бардоштани сатҳи дониши хатмкардагон ва такмили ихтисоси онҳо мебошад. Баъди хатми донишгоҳ онҳо метавонанд кору фаъолияташонро дар кафедраи «Реабилитатсияи тиббӣ-иҷтимоӣ» идома диҳанд.
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи шомил намудани қурбониёни шиканҷаро ба гурӯҳи шахсоне, ки бо назардошти мақоми иҷтимоиашон ба ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои давлатии тиббӣ ҳуқуқ доранд, баррасӣ менамояд. Коркарди тартиби ёрии тиббию офиятбахшӣ (барқарорсозӣ) ба қурбониёни шиканҷаро вазорат муҳим арзёбӣ намуда, ба нақшаи чорабинии гуруҳи корӣ, таҳлили механизмҳои нав ва дарёфти манбаъҳои молиявӣ барои таъмини хизматрасонии тиббӣ ва офиятбахшӣ ба қурбониёни шиканҷаро ворид намуда, дар муҳлатҳои пешбинишудаи «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷро намудани тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» тадбирҳои заруриро татбиқ хоҳад намуд,- аз ҷумла омадааст дар гузориш.
Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.
Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!
Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.
Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.
Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.
Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.
Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj
Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:
#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!
#IamForTheEliminationofTorture!
[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа