Мониторинг: оид ба озодӣ аз шиканҷа вохӯриҳо гузаронида шудаанд

Мониторинг[1]: оид ба озодӣ аз шиканҷа вохӯриҳо гузаронида шудаанд

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Дар гузориши натиҷаҳои мониторинг вобаста ба иҷрои зербанди 2, банди 1 ва зербанди 2, банди 5-и нақша омадааст, ки «бо мақсади пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мутахассисон оид ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намуди муносибати бераҳмона рӯзҳои 11-19-уми марти соли 2019 аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии мақомот дар якҷоягӣ бо намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ дар байни роҳбарият ва кормандони ШВКД-и ноҳияи Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, шаҳри Хоруғ ва РВКД дар ВМКБ вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзуи “Ҳуқуқҳои дастгиршудагон”, “Пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф», “Пешгирии терроризм ва ифротгароӣ” баргузор шудааст».

Соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо ва коромӯзон аз ҷониби кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои 60 нафар судяҳо ва коромӯзон семинарҳои дурӯза гузаронида шудааст. Ҳамчунин, соли 2019 аз ҷониби кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбии 06870, 02615, 07033, 12019 ва 08010-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои афсарону сарбозон мизҳои мудаввар гузаронида шудааст, ки яке аз мавзӯҳои асосии он “Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дода намешавад” будааст.

- Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мутахассисон оид ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намуди муносибати бераҳмона кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 11-уми августи соли 2020 дар ШВКД-и ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, 15-уми сентябри соли 2020 дар ШВКД-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ, 17-уми сентябри соли 2020 дар ТТ ЯТ9/3-и СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, 20-уми октябри соли 2020 дар ШВКД-и ноҳияи Тоҷикобод, 30-юми октябри соли 2020 дар МИ ЯС 3/8-и СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, 5-уми ноябри соли 2020 дар МИ ЯС 3/5-и СРИҶҶ ВА ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, 30-юми ноябри соли 2020 дар қисми ҳарбии 12019, 17-уми декабри соли 2020 дар Қисми ҳарбии 08010 ва 18-уми декабри соли 2020 дар қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии терроризм» ва «Пешгирии шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона» мизҳои мудаввар баргузор намудаанд,- зикр шудааст дар гузориш.

Ҳамчунин, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» китобу буклетҳо дар мавзӯи «Пешгирии худкушӣ дар артиш» (300 нусха), «Китобчаи сарбоз» (600 нусха), «Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ» (10 нусха), «Роҳнамо барои духтурони комиссияи бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ» (50 нусха), «Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ» (50 нусха) ба Вазорати мудофиа ва китобҳо дар мавзуҳои «Пешгирии худкушӣ дар артиш» (4 адад) ва «Китобчаи сарбоз» (60 адад) ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия дастрас карда шудааст.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj