Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинг[1]: пешгирии зӯроварӣ дар оила пурзӯр карда мешавад
Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.
Мувофиқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, вобаста ба иҷрои 2 ва 3, банди 20-и нақша тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила оид ба зиёд намудани шумораи утоқҳои корӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар кумита “Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон” фаъолият намуда, ҳамарӯза ба шаҳрвандон маслиҳатҳои равонӣ ва ҳуқуқии ройгон мерасонад. Аз оғози паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) маркази мазкур хизматрасонии шабонарӯзиро ба роҳ мондааст. Ба марказ дар соли 2020-ум 1913 (соли 2019-ум 1637) нафар муроҷиат намудаанд. Бо зӯроварии ҷисмонӣ 403 (соли 2019-ум 396), зӯроварии иқтисодӣ 1320 (соли 2019-ум 901), зӯроварии равонӣ 1383 (соли 2019-ум 1238) ва зӯроварии шаҳвонӣ 16 (соли 2019-ум 18) шаҳрванд ба маркази мазкур муроҷиат намудаанд. Ҳамзамон, ба марказҳои иттилоотӣ-машваратии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо соли 2020-ум 9172 (соли 2019-ум 13317) шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки аз он 6683 (соли 2019-ум 6253) зан ва 2489 (соли 2019-ум 2940) мард мебошанд.
- Дар соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва лоиҳаи Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ (PDV) дар Маҷмааи тиббии “Истиқлол” утоқи тавонбахшӣ барои ҷабридагони зӯроварӣ дар оила ташкил карда шуд. Вобаста ба расонидани кӯмакҳои равонию ҳуқуқӣ, пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб, бахусус пешгирии омилҳои зӯроварӣ дар оила, дар назди раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо Марказҳои иттилоотӣ-машваратӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносону равоншиносон ба шаҳрвандон маслиҳатҳои равонию ҳуқуқиро ба таври ройгон мерасонанд. Ҳамчунин, кумита танҳо дар соли 2020 дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ, бахусус дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 70 суҳбату вохӯрӣ, 10 семинару машваратҳо, 20 чорабиниҳои оммавии фарҳангию маърифатӣ ва 25 барномаҳои телевизионӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор намудааст,- зикр гардидааст дар гузориш.
Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.
Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!
Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.
Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.
Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.
Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.
Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Телеграм: http://t.me/notorturetj
Инстаграм: notorture.tj
Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:
#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!
#IamForTheEliminationofTorture!
[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа