Мониторинг: шароити нигоҳдории маҳкумшудагон ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад

Мониторинг[1]: шароити нигоҳдории маҳкумшудагон ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Мувофиқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, Вазорати адлия солҳои 2019-2020 бо мақсади иҷрои зербандҳои 1, 2, 3, 4 ва 5, банди 13-и нақша як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2020, №385 қабул гардидааст. Ҳамчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ афзуда истода, шароити нигоҳдории маҳкумшудагон ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодааст. Дар ин самт Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо дастгирӣ ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба талаботҳои стандартии байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани шароити нигоҳдории маҳкумшудагон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ корҳои муайяни назаррасро ба анҷом расонида, дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ ва тавқифгоҳҳои тафтишотӣ корҳои сохтмонӣ, азнавсозӣ ва таъмиру тармимро амалӣ намуда истодааст.

Ғайр аз ин дар лоиҳаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарарроти Қоидаҳои СММ вобаста ба муносибат бо занони маҳкумшуда ба инобат гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки соли 2020 роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо мақсади омӯзонидани кормандони муассисаи ислоҳии занона бо Қоидаҳои Бангкок бо ҷалби мутахассисони миллӣ чор семинари кӯтоҳмуддати омӯзиширо ташкил ва баргузор намуда, дар он маълумоти мухтасар вобаста ба муҳтаво ва самарабахшии қоидаҳои зикргардида пешниҳод карда шудааст.

- Аз ҷониби раёсати тиббии сарраёсат дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО», созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мониторинги амалишавии барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил барои солҳои 2017-2020 ва барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масъунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузаронида шудааст,- зикр гардидааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

 

NoTorture.Tj