Мониторинг: табибон аз омӯзиши махсуси кӯтоҳмуддат гузаштаанд

Мониторинг[1]: табибон аз омӯзиши махсуси кӯтоҳмуддат гузаштаанд

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тибқи нишондоди гузориши ин мониторинг, вобаста ба зербанди 6, банди 13-и нақша, ки масъули иҷрои он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад ва баррасии масъалаи ташкили хадамоти мустақили тиббӣ ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ ба шахсони дастгиршуда, ҳабсшуда ва маҳкумшударо дар бар мегирад, иттилоъ дода шудааст, ки дар доираи фаъолияти гуруҳи корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ”, инчунин таҷриба ва заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дигар давлатҳое, ки дар онҳо ба таври институтсионалӣ экспертизаи тиббӣ-судии мустақил фаъолият дорад, таҳлил карда шудааст. Вазорат бо назардошти натиҷаҳои таҳлил, хулосаҳо ва пешниҳодҳо барои омода намудани лоиҳаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ” ва дигар қонунгузории мурофиавии кишвар дар доираи муҳлатҳои пешбинишуда корбарӣ менамояд.

- Ҳамчунин, принсипи мустақилияти табиб яке аз тавсияҳои Протоколи Истамбулӣ ба ҳисоб рафта, аксари мутахассисони соҳаи тандурустӣ, инчунин табибони муассисаҳои маҳрумӣ аз озодӣ (табибони системаи пенитенсиарӣ) доир ба мавзӯи стандартҳои шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон тибқи тавсияҳои Протоколи Истамбулӣ аз омӯзиши махсуси кӯтоҳмуддат гузаштаанд.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj