Мониторинг: таъмини кафолатҳои ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ назорат мешавад

Мониторинг[1]: таъмини кафолатҳои ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ назорат мешавад

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тибқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, аз ҷониби Вазорати мудофиа вобаста ба иҷрои зербанди 1 ва 3, банди 19-и нақша бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, оид ба огоҳӣ пайдо намудани онҳо аз шиканҷа ва муносибати ғайриинсонӣ дар доираи машғулиятҳои тайёрии ҷамъиятӣ - давлатӣ, касбӣ - вазифавӣ ва махсус мавзуҳои дахлдор вобаста ба ҳуқуқу озодии инсон, пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ, даст ба ин намуд кирдорҳо задан ва оқибатҳои он гузаронида шуда, риоя ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ зери назорати доимии роҳбарияти вазорат қарор дорад. Инчунин, дар қисм ва воҳидҳои ҳарбии вазорат ҳангоми расонидани ахбороти ҳуқуқӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ талаботҳои моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ расонида мешавад.

- Дар қисмҳои ҳарбии вазорат тибқи ҷадвали тартиби рӯз муоинаи бадани сарбозон аз ҷониби командирони шуъбаҳо, взводҳо, ротаҳо ва кормандони соҳаи тиббӣ-ҳарбӣ гузаронида шуда, натиҷаи он дар дафтари сабти муоинаи бадани сарбозон қайд карда мешавад. Инчунин, муоинаи бадани сарбозон пайваста аз ҷониби роҳбарият ва раёсатҳои дахлдори вазорат, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо низ гузаронида мешавад. Баҳри пешгирии бузургсолорӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ пайваста суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли зиёи кишвар гузаронида мешавад. Дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва пеш аз оғози даъват дар қисмҳои ҳарбӣ тибқи фармоиши командирон маъмурияти ротаи таълимӣ ташкил карда шуда, наваскарон то қабули савганди ҳарбӣ ҷудо аз дигар сарбозон ба таълим фаро гирифта шуда, дар баробари ин, ба онҳо ҷои хоби алоҳида омода карда мешавад,- зикр шудааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj