Мониторинги Хона-интернат барои шахсони бемори руҳии Восеъ

 

Мониторинги Хона-интернат барои шахсони бемори руҳии Восеъ: 16 сомонӣ дар як рӯз барои хӯрок, таҷҳизоти куҳна ва набудани кондитсионерҳо

Мониторинги муассисаи давлатии «Хона-интернат барои шахсони бемори руҳӣ» дар ноҳияи Восеъ 17-18-уми июли соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд.

Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ворид гардиданд. Дар рафти мониторинг гуруҳро директори массиса ва муовини ӯ роҳбаладӣ карданд.

Бинои муассиса соли 1956 сохта шуда, чандин маротиба таъмир гардидааст. Дар муассиса як қатор иншооти нав бунёд карда шудааст. Дар умум, муассиса тоза ва ҳудуди ҳавлиҳои сайругашт нигоҳубиншуда буд.

Дар муассиса шуъбаҳои фитотерапия ва физиотерапия мавҷуд буда, таҷҳизоти варзишӣ насб гардидааст. Муассиса бо 8 камераи назорати видеоӣ муҷаҳҳаз аст.

Ба иттилои директори муассиса, соли 2017-ум 3 ҳолати вафот бо сабаби беморӣ вуҷуд дошт, аммо дар соли 2018 чунин ҳолатҳо ҷой надоштанд.

Муассиса барои 220 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми мониторинг дар он 220 нафар қарор доштанд, ки 125 нафар мард ва 95 нафари дигар занонанд. Аз мизоҷони МР:

1) Маъюбони гуруҳи 1-ум - 44 нафар,

2) Гуруҳи 2-юм - 175 нафар,

3) Гуруҳи 3-юм - 1 нафар.

Давомнокии муҳлати истодани мизоҷон гуногун аст: аз як моҳ то 20 сол. Ҳамаи мизоҷон дар муассиса бо хоҳиши худашон ҷойгир карда шудаанд. Ба гуфтаи кормандон, ҳангоми таъини табобат аз мизоҷ ё намояндаи қонуниаш розигии шифоҳӣ гирифта мешавад ва мизоҷ метавонад дар дилхоҳ марҳилаи табобат аз он даст кашад.

Аз буҷети давлатӣ барои хӯроки як нафар мизоҷ дар як рӯз 16,05 сомонӣ ҷудо, вале амалан аз 18 то 20 сомонӣ харҷ мешавад.

Дар муассиса хоҷагии деҳқонӣ бо масоҳати 13,7 гектар замин мавҷуд аст, ки баъзе мизоҷон дар он кор мекунанд. Барои меҳнати худ онҳо дар ҳаҷми аз 150 то 300 сомонӣ дар як моҳ маблағи нақд мегиранд, аммо барояшон дафтарчаи меҳнатӣ ба расмият дароварда намешавад.

Ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф ҳангоми пурсиши мизоҷон ва кормандон зикр нагардид.

Дар шуъбаҳои мардона ва заннона тахтаҳои иттилоотӣ овехта шудаанд, аммо маълумот дар бораи қонунгузорӣ куҳна аст.

Муассиса аз се шуъба иборат аст: мардона, занона ва шуъба барои мизоҷони нотавон (беморони бистарӣ). Дар шуъбаи занона 29 ва дар мардона 22 ҳуҷра мавҷуд аст. Бо дарназардошти қонунгузории ҶТ, масоҳати ҳуҷраҳо ба шумораи мизоҷон ҷавобгӯ нест.

Шуъбаи занона ба ду қисм ҷудо карда шудааст: як қисм барои мизоҷони нотавон, ки онҷо ҳам занҳо ва ҳам мардҳо ҷой гирифта метавонанд, қисми дигар барои занҳо. Дар ҳуҷраҳои барои мизоҷони бемори бистарӣ бӯйи нофорам эхсос шуд.

Кондитсионерҳо танҳо дар 3 ҳуҷра насб карда шудаанд. Ҳолати тирезаҳо дар шуъбаи занона ғайри қаноатбахш аст. Дар ҳамаи ҳуҷраҳои шуъбаи занона ва дар шуъбаҳо барои мизоҷони нотавон мизу курсӣ, катҳо, ғалладонҳо барои истифодаи шахсӣ вуҷуд доранд, аммо ҳолати таҷҳизот ғайри қаноатбахш аст.

Ҳарорати ҳаво дар ҳуҷраҳои шуъбаи заннона +28+32 дараҷа гарм ва дар ҳуҷраҳои шуъбаи мардона +30+35 дараҷа гарм аст. Чунин ҳарорат хеле баланд аст ва барои инсон ғайри ҳаловатбахш ба шумор меравад.

Дар шуъбаҳо (заннона ва барои мизоҷони нотавон) ҳоҷатхонаҳои дохилӣ мавҷуданд, ки барои 6 нафар дар шакли нишастгоҳҳои заминӣ ва бидуни деворҳои қисматкунанда пешбинӣ гардидаанд. Инчунин, ҳуҷраҳо барои шустушӯй вуҷуд доранд. Оби гарму хунук ҳаст. Об тавассути термекс гарм карда мешавад. Нақшаи истифодаи ҳаммом вуҷуд надорад. Ба гуфтаи кормандон, мизоҷон дар дилхоҳ вақт метавонанд шустушӯй кунанд.

Дар ҳамаи ҳуҷраҳои шуъбаи мардона мизу курсӣ, катҳо ва ғалладонҳо барои истифодаи шахсӣ мавҷуданд, аммо ҳолати таҷҳизот ғайри қаноатбахш аст.

Дар шуъбаи мардона ҳоҷатхона барои 6 нафар бо деворҳои қисматкунанда вуҷуд дорад. Баландии деворҳои қисматкунанда 1,65 метр аст. Инчунин, дар назди шуъбаи мардона ҳаммом вуҷуд дорад. Таҷҳизоти ҳаммом нав, оби гарму хунук ба таври доимӣ мавҷуд аст.

Дар муассиса ҷои либосшӯӣ фаъол аст. Онҷо 5 мошини ҷомашӯӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Дар муассиса ҳуҷраҳо барои истироҳат мавҷуданд, ки дорои телевизорҳои дар ҳолати корианд. Ҳангоми мониторинг ҳам дар шуъбаи занона ва ҳам мардона мизоҷон тариқи телевизор барнома тамошо мекарданд.

Дар МР китобхона вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи корманди хурд, мизоҷонро аз соати 10 то нисфирӯзӣ ба сайругашт мебароранд. Инчунин, сайругашти бегоҳирӯзӣ ҳам ҳаст. Ба ғайр аз вақтҳои барои хоб муқарраргардида, мизоҷон метавонанд дар дилхоҳ вақт ба сайругашт бароянд.

Дар МР 2 суҳбатгоҳи калон бо курсиҳо мавҷуд аст: 1 суҳбатгоҳ барои шуъбаи занона ва дигараш барои шуъбаи мардона.

Ба гуфтаи кормандон, мизоҷони нотавонро корманди хурд ба сайругашт мебарорад (бо хоҳиши мизоҷони нотавон, агар хоҳанд, дар дилхоҳ вақт).

Нақшаи сайругашт ба гуруҳ нишон дода нашуд.

Қуттӣ барои мактуб ва шикоятҳо дар муассиса вуҷуд надорад.

Барои мизоҷон истифода аз телефони мобилӣ бо иҷозати кормандони муассиса сурат мегирад.

Дар МР бинои алоҳида барои мулоқоти мизоҷон бо хешовандонашон мавҷуд аст. Дар ин бино ду ҳуҷра вуҷуд дорад. Мулоқот баъди гирифтани розигии директори МР иҷозат дода мешавад. Ба гуфтаи директор, ӯ ҳамеша барои мулоқот иҷозат медиҳад. Мизоҷоне, ки худро идора карда метавонанд, бе иштироки корманди муассиса бо хешовандонашон вомехӯранд.

Тавсияҳо:

1. Таъмини қуттӣ барои мактуб, шикоятҳо ва пешниҳодот.

2. Насби камераҳои назорати видеоӣ дар ҳавлии сайругашт (дар қисмати тобистона).

3. Иваз кардани тиреза дар шуъбаи барои мизоҷони нотавон.

4. Иваз кардани таҷҳизот дар МР.

5. Таъмини кондитсионерҳои иловагӣ дар МР.

6. Таъмини деворҳои қисматкунанда дар ҳоҷатхонаи шуъбаи занона.

7. Тасҳеҳи маълумот дар тахтаи иттилоотии шуъбаи занона. Ҷой додани маълумот оид ба ҳуқуқҳои мизоҷон дар тахтаи иттилоотии шуъбаи мардона.

8. Бастани шартномаи меҳнатӣ миёни муассисаву мизоҷоне, ки дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунанд ва ба расмият даровардани дафтарчаи меҳнатӣ.