"Мубориза бар зидди шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо": Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз ҷумла пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти давлатӣ мебошад", - қайд намуд Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 25 октябр зимни суханронӣ дар конфронси "Мубориза бар зидди шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо" дар шаҳри Душанбе. Тибқи суханони ӯ, Президенти Тоҷикистон борҳо истифодаи шиканҷаро маҳкум карда, таъкид намуд, ки ҳеҷ як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳеҷ ҳолат набояд ба истифодаи шиканҷа ва таҳқири шаъну шарафи инсон роҳ диҳад”.

Тибқи иттилооти Прокуратураи генералӣ, дар соли 2018 10 муроҷиат оид ба шиканҷа ворид гардида, аз он 6-тоаш барои тафтиш равона шудааст, дар соли 2019-ум чунин муроҷиатҳо 20 буданд, аз он ҷумла 14-тоаш барои тафтиш фиристода шудааст, дар соли 2020 ягон муроҷиат оид ба шиканҷа ҷой надошт, дар соли 2021 11 муроҷиат ворид шуд (ҳамаи он барои тафтиш равона шуданд), аз аввали соли 2022 6 муроҷиат ворид гашт (5 он барои тафтиш равона шудаанд).     

Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Хазинаи Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.

Ҳадафи асосии конфронс аз муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон иборат буд.

Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятие, ки аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошанд ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

NoTorture.Tj