«Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо»: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералӣ Файзалӣ Давлатзода рӯзи 25-уми октябр зимни баромад дар конфронси “Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо”дар баромадаш оид ба назорати прокурорӣ ҳамчун кафолати асосии риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон оид ба озод будан аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зикр намуд, ки аз шаш изҳорот дар бораи эҳтимоли истифодаи шиканҷаи боздоштшудагон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ягонтояш тасдиқ нашудааст.

«Дар соли гузашта чунин муроҷиатҳо 11 адад буданд, ки аз онҳо низ ягонтояш дар рафти санҷишҳо тасдиқи худро наёфт. Барои ҳамин, дар ин давра аз рӯйи моддаи «Шиканҷа» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда нашудааст»,- гуфт ӯ.

Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии ҶТ бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Фонди Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои мубрам дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон буд.

Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва васоити ахбори омма иштирок карданд.

 

NoTorture.Tj