Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе, дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастоварҳо” баргузор шуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии ҶТ бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Фонди Зигрид Раузинг баргузор гардид.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадафи асосии конфронс баррасии масоили мубрам дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон буд.
Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.
Дар ҷараёни конфронс намояндагони вазорату идораҳо, як қатор институтҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба таъмини озодӣ аз шиканҷа бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Аз ҷумла, муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳикматуллозода дар гузориши худ вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бо шиканҷа ва дар соли 2012 ворид шудани моддаи 143, эзоҳи 1 ("Шиканҷа")-ро ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, инчунин дар соли 2020 пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи шиканҷаро таҳлил намуд.
Муовини якуми раиси Суди Олӣ Шавкат Лутфуллозода зимни суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шиканҷа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.
«Аз ҷониби Суди Олӣ Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа» қабул карда шуд. Тоҷикистон бештари тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ-ро, ки дар доираи тартиботи ШУД оварда шудаанд, пазируфтааст”,- зикр намуд ӯ.
Манъи бевоситаи шиканҷа
Сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Тоҷикистон Ҷамшед Машрабзода зимни суханронӣ дар бораи таъмини озодӣ аз шиканҷа дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки шиканҷа дар фаъолияти сохторҳои қудратии кишвар як мушкили доғи рӯз ба шумор меравад. «Роҳбарияти ВКД пайваста аз кормандон талаб мекунад, ки дар кори худ аз истифодаи шиканҷа худдорӣ кунанд»,- зикр намуд ӯ.
Ба гуфтаи мавсуф, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон пайваста изҳор медорад, ки истифодаи шиканҷа ғайри қобили қабул аст, ҳатто агар ҷиноят ошкорнашуда боқӣ монад. Ҳатто дар бинои ВКД иқтибоси роҳбари ин ниҳод насб шудааст: «Ҳеҷ гоҳ ба шиканҷа даст назанед, ҳатто агар ҷиноят нокушода монад!».
Тавре ёвари прокурори шаҳри Хуҷанд Қурбонзода Беҳрӯз ҳангоми суханронии худ қайд намуд, тадқиқоту таҳлилҳои гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки шиканҷа метавонад на танҳо баҳри ба даст овардани маълумот (худиқрорӣ, нишондод, шаҳодати дорои хислати дигар), балки ба ҷазо додани шахс барои рафтор ё амале, ки ба он гунаҳгор карда мешавад, равона гардад.
«Ҳама гуна амале, ки ба расонидани азобҳои ҷисмонӣ ё руҳӣ бо роҳи маҷбур кардани шахси шиканҷашаванда ё шахси сеюм ба амале ё манъи амале ҳамчун шакли шиканҷа равона гардидааст, бояд манъ карда шавад. Он инчунин метавонад вобаста ба нажод, мансубияти миллӣ, муносибати шахс ба дин, баромади этникӣ, забон, ҷинс, синну сол ё мансубияти дигари вобаста ба фаъолияти муайян ё мавқеи шаҳрвандии шахс азобу уқубатҳои ҷисмонӣ ё руҳӣ расонад”,- гуфт ӯ.
Номбурда зикр намуд, ки қонунгузории Тоҷикистон шиканҷаро мустақиман манъ мекунад ва соли 2012 моддаи 143, эзоҳи 1 (“шиканҷа”) ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шуд, ки таърифи он ба муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа мувофиқат мекунад.
«Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии шиканҷа дар ҳама ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс дафтарҳои сабти асноди боздоштшуда мавҷуд аст, ки дар он маълумот оид ба шахсияти боздоштшуда, вақт ва санаи ҷойгиркунӣ, ҳуҷҷате, ки дар асоси он шахс ҷойгир шудааст, сана ва асосҳои ба муассисаи дигар гузаронидан ё озод кардан қайд карда мешавад. Дар баробари ин, бо фармони якҷояи Прокурори генералӣ, вазири адлия ва роҳбарони аввали тамоми сохторҳои дигари ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми октябри соли 2012 Дастурамал «Дар бораи ҳабс» тасдиқ карда шуд, ки дар он тамоми талабот оид ба сабти саривақтии боздоштшудагон баён гардидааст»,- зикр намуд мавсуф.
Ҳабс барои шиканҷа нест!
Директори МД «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ-тиббӣ» дар вилояти Суғд Фурқат Ғаниев таваҷҷуҳи ҳозиринро ба корҳои ҷараёндошта дар самти ташхиси тиббӣ ҷиҳати татбиқи тавсияҳои Протоколи Истамбулӣ ҷалб намуд.
«Мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона як қатор қадамҳои муҳимро гузоштаанд. Ҳамин тариқ, моҳи ноябри соли 2014 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ варақаҳои тиббиеро, ки принсипҳои Протоколи Истамбулиро инъикос мекунанд, барои истифода аз ҷониби кормандони тиббии вазорат ҳангоми гузаронидани муоинаи тиббии боздоштшудагон ва сабти аломатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона (барои маълумоти бештар ба бахши «Муоинаи тиббӣ» дар боби «Дастрасӣ ба кафолатҳои ҳуқуқӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ» нигаред) тасдиқ кард»,- гуфт Фурқат Ғаниев.
Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Зубайдзода зикр намуд, ки риояи ҳуқуқи маҳкумшудагон самти афзалиятноки сиёсати пенитенсиарӣ ба шумор меравад. Маҳрум кардани шахс аз озодиҳояш асос барои кам кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ нест. Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳар як шаҳрванд сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, инчунин доштан ё надоштани доғи судӣ ҳуқуқ ба ҳимояро кафолат медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ба низом даровардани масъалаҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси адои ҷазокунанда, тарзу усулҳои асосии риояи онҳо, мушкилоти амалисозии қонунгузорӣ дар бораи вазъи ҳуқуқии маҳкумшудагон, боздоштшудагон, инчунин маҳбусон метавонад дар риояи ҳуқуқҳо кумаки ҷиддӣ расонад.
«Дар ду соли охир дар маҳбасҳои кишвар ягон мавриди шиканҷа нисбати маҳбусон ба қайд гирифта нашудааст. Дар биноҳои муассисаҳои пӯшидаи системаи СРИҶҶ камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд”,- гуфт Фахриддин Зубайдзода.
Файзалӣ Давлатзода, прокурори калони Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералӣ дар суханронии худ оид ба назорати прокурорӣ ҳамчун кафолати асосии риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон оид ба озод будан аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона таъкид намуд, ки аз шаш изҳорот дар бораи эҳтимоли истифодаи шиканҷаи боздоштшудагон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ягонтояш тасдиқ нашудааст.
Зиёда аз чил муроҷиат дар давоми ду сол
Нурмаҳмад Халилов, роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо истинод ба омори шикоятҳо дар бораи эҳтимоли истифодаи шиканҷа дар суханронии худ ба арқоми дигар ишора кард: “Эътилоф ба қурбониёни шиканҷа кумаки ҳуқуқӣ мерасонад, мурофиаҳои судии стратегиро пеш мебарад, шикоятҳо оид ба ҳолатҳои эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Ҳуҷҷатгузории муроҷиатҳо ба Эътилоф имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи шиканҷа дар кишвар иттилооти мустақим ба даст орад ва ба роҳ мондани мурофиаҳои судии стратегӣ ба эҷоди таҷрибаи устувори татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа ноил месозад. Аз ҷумла, тайи 2 соли охир беш аз 40 шикоят дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии шиканҷа ба қайд гирифта шудааст (24 шикоят дар соли 2021, 16 шикоят дар соли 2022)».
Ба андешаи ҳимоятгарони ҳуқуқ, ин шумора як бахши муайяни шумораи воқеии ҳолатҳост. Аз як тараф, арзу шикоятҳо дуруст тафтиш карда намешаванд, аз тарафи дигар, аксарият аз тарси таъқиб хомӯш монданро афзал медонанд.
Ба гуфтаи Нурмаҳмад Халилов, соли гузашта Эътилоф мониторинги иҷрои тавсияҳои интихобшудаи сохторҳои СММ-ро оид ба масъалаҳои шиканҷа ва дигар шаклҳои бадрафторӣ гузаронидааст.
«Дар давраи аз соли 2010 то соли 2021 Тоҷикистон гузоришҳои худро ба ҳамаи ниҳодҳои шартномавӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба кумитаҳои ҳуқуқи инсони СММ, инчунин дар доираи Шарҳи универсалии даврӣ пешниҳод кардааст. Ба кишвар ду маротиба Гузоришгари махсус оид ба шиканҷа (солҳои 2012 ва 2014) сафар кардааст.
Дар ин давра Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон беш аз 1000 тавсия оид ба масъалаҳои гуногуни пешгирӣ ва муборизаи самаранок бо шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона гирифтааст, аз ҷумла:
- тасдиқи комилан манъ будани шиканҷа;
- талоши бештар барои бартараф намудани тафовути байни қонунгузорӣ ва амалия дар самти истифодаи шиканҷа;
- андешидани чораҳои самаранок барои решакан кардан ва пешгирии кирдорҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар саросари ҷумҳурӣ, бахусус дар боздоштгоҳ, шуъбаҳои милитсия, боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва СИЗО.
- таъмин намудани кафолатҳои асосии мурофиавӣ ба дастгиршудагон аз лаҳзаи ҳақиқии маҳрум шудан аз озодӣ, ба дастгиршудагон фаҳмонидани ҳуқуқҳояшон, қатъиян риоя намудани қоидаҳои бақайдгирӣ аз лаҳзаи ба ҳабс гирифтан.
- таъмини таҳқиқи фаврӣ, ҳамаҷониба ва беғаразонаи ҳама шикоятҳо дар бораи шиканҷа, инчунин ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва шоҳидон аз ҳама гуна таъқибу фишорҳо»,- зикр намуд ӯ.
Мушкилӣ ҳалли маҷмуӣ талаб мекунад
Нурмаҳмад Халилов таъкид намуд, ки Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ин замина аз ташаббуси Прокуратураи генералӣ оид ба баргузории конфронс дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати баррасии мушкилот дар самти пешгирии шиканҷа истиқбол намуда, умедвор аст, ки Нақшаи чорабиниҳои маҷмӯии мубориза бо шиканҷа таҳия мегардад ва Эътилоф дар навбати худ барои ҳамкории муассир бо ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати мусоидат ба пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон омода аст.
Ҳимоятгарони ҳуқуқ таъкид мекунанд, ки дар Тоҷикистон мушкилоти дигаре низ дар самти пешгирӣ ва муборизаи муассир бо шиканҷа вуҷуд доранд, ки бояд рафъ карда шаванд.
Онҳо ба зарурати андешидани тадбирҳои таъсирбахш дар ин самт, таҳияи механизмҳое, ки ба татбиқи самараноки қонунгузорӣ дар амалияи ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд, таъкид мекунанд.
Роҳбари Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гулчеҳра Холматова зимни суханронии худ бо ишора ба таҷрибаи ҳомиёни ҳуқуқ таъкид кард, ки на ҳама шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона то мурофиаи судӣ расонида мешаванд ва ин сабабҳои зиёд дорад. «Набудани заминаи далелҳо, коршиносони мустақили судӣ-тиббӣ, даст кашидани ҷабрдидаҳо аз муроҷиати минбаъда бинобар ноумедӣ, стресс, фишор, набудани захираҳои молиявӣ ва вақт барои муроҷиат ба мақомоти салоҳиятдор, надоштани дониши ҳуқуқӣ ва ғайра»,- гуфт ӯ.
Мавсуф ҳамчун намуна ду саргузашти шаҳрвандонеро, ки ба Эътилофи зидди шиканҷа муроҷиат карда буданд, мисол овард, ки тафтиши бесамар ва минбаъд беҷазо мондани омилони ҷиноятро нишон додааст.
«Барои ҳалли ин мушкилот суботкорона ва ҳаматарафа муносибат кардан лозим аст. Дар акси ҳол, бинобар мавҷуд набудани иродаи воқеии сиёсӣ ва волоияти қонун дар ин самти муҳими фаъолияти давлат, ба комёбиҳои воқеӣ ноил шудан ғайриимкон аст, ки ин бешубҳа ба обрӯи байналмилалии давлатдории мо таъсири манфӣ мерасонад»,- гуфт Гулчеҳра Холматова дар ҷамъбаст.
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»