Муқаддима

Давлатҳои иштирокчии ин Конвенсия, бо назардошти он ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи ҳуқуқҳои баробар ва ҷудонопазирӣ ҳамаи аъзои оилаи инсон асоси озодӣ, адолат ва сулҳи умумӣ мебошад; бо эътирофи он ки ин ҳуқуқҳо аз шаъну шарафи хоси шахсияти инсон бармеоянд, бо назардошти ӯҳдадориҳои давлатҳо мутобиқи Оиннома, аз ҷумла моддаи 55, мусоидат намудан ба эҳтиром ва риояи умумии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, моддаи 5 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва моддаи 7 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсиро, ки ҳар ду пешбинӣ менамоянд, ҳеҷ кас набояд таҳти шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф қарор дода шавад, ба инобат гирифта, ҳамчунин бо назардошти Эъломияи ҳифзи ҳама шахсон аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ки онро Ассамблеяи Генералӣ 9 декабри соли 1975 қабул намудааст, бо майлу хоҳиши баланд бардоштани самаранокии мубориза зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дар тамоми ҷаҳон, ба аҳду паймони зайл расиданд:

Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NoTorture.Tj