Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи 23-юми август дар шаҳри Бохтар ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» бо фаъолони шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорони маркази маъмурии вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд.
23-юми августи соли 2022 дар шаҳри Бохтар вохӯрии ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» бо ҳуқуқшиносон, рӯзноманигорон ва фаъолони маркази маъмурии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Ҳамкорӣ ва боло бурдани касбият дар инъикоси масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона» доир гардид.
Вохӯрӣ аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар он зиёда аз 12 нафар ҳимоятгарони ҳуқуқ аз ҳисоби адвокатҳои мақомоти ҳудудии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, рӯзноманигорони матбуот ва телевизиони маҳаллӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар шаҳри Бохтар фаъолият мекунанд, иштирок доштанд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ такмили маҳорати кормандони марказҳои матбуотии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ, инчунин мақомоти давлатӣ ва дигар васоити ахбори омма оид ба ҳамкорӣ дар инъикоси мавзӯи озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо бо мақсади татбиқи муқаррароти «Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» ба шумор меравад.
Аз ҷониби намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба иштирокчиёни вохӯрӣ фаъолияти ташкилот шарҳ дода шуда, зикр гардид, ки яке аз самтҳои фаъолият иштирок дар мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар ин замина, ташкилоти мазкур узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст.
Инчунин, ба иштирокчиён ҳуқуқҳои инсон ба озодӣ аз шиканҷа, ки дар «Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷазо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, фаҳмонида шуд.
Қисми дуюми чорабинӣ ба кори намояндагони ВАО бо адвокатҳову ҳимоятгарони ҳуқуқи инсон ва дигар сохторҳои давлатӣ ҷиҳати инъикоси маводҳо дар ВАО оид ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона бахшида шуд. Ба татбиқи «Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022» таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Дар рафти баррасиҳо иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаҳои танзими қонунгузории ҳуқуқи шаҳрвандон барои муроҷиат ба воситаҳои ахбори омма, истифодаи механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, ҷалб намудан ба ҷавобгарӣ барои истифода аз шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷазо, нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифзи ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа, кафолатҳои ҳуқуқии ҳимоя аз истифодаи шиканҷа тибқи қонунгузории миллӣ ва дигар масоил таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Аз ҷумла, Абдураҳмон Шарипов - ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» зимни шарҳи масъалаи робитаи ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа бо дигар ҳуқуқҳо қайд кард, ки дар сурати истифода шудан аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷазо дахлнопазирии ҳуқуқ ба ҳаёт, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои табиии инсон нақз мешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ зимни посух ба суолҳо аз таҷрибаи худ оид ба ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷазову натиҷа овардани инъикоси чунин парвандаҳо дар ВАО мисолҳо оварданд.
«Ин гуна вохӯриҳо хеле муфид ва муҳиманд, зеро онҳо имкони табодули таҷриба дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро фароҳам меоранд, бахусус, масъалаи инъикоси чунин парвандаҳо хеле ҳассос аст»,- мегӯяд ҳуқуқшинос Умед Ниёзов.