Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсиламатолибро дар бораи Мулоҳизаҳои ниҳоии Кумитаи СММ зидди шиканҷа оид ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) гузориши даврии сеюми Тоҷикистон (CAT/C/TJK/3)-ро дар ҷаласаҳои 4, 7 ва 14-уми майи соли 2018 баррасӣ карда, мушоҳидаҳои ниҳоии худро пешниҳод намуд. Кумита аз муколама бо ҳайати Тоҷикистон, инчунин посухҳои шифоҳӣ ва хаттӣ ба саволҳои додашуда истиқбол кард.
Дар хулосаҳои худ Кумита зикр намуд, ки як қатор тавсияҳои пас аз давраи қаблӣ додашуда иҷронашуда боқӣ мондаанд. Зарурати тафтишоти фаврӣ, беғаразона ва муассири парвандаҳои шиканҷа, таъсиси феҳристи расмии марказии боздоштҳо, таъмини кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ барои боздоштшудагон, ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани шахсони дар истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона гунаҳгор, беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, тасдиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа, инчунин таъсиси механизми миллии пешгирикунанда ва низоми махфии қабули шикоятҳо дар бораи шиканҷа аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Кумита аз он нигаронии амиқ намуд, ки таҷрибаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло ҳам ба назар мерасад. Аз соли 2012 инҷониб 89 шикоят дар бораи шиканҷа ворид шуда, аммо танҳо чор нафар маҳкум шудаанд ва ҳадди ақали ҷазо сеюним сол маҳрумият аз озодӣ аст. Кумита ба зарурати андешидани чораҳои фаврӣ барои мубориза бо беҷазоӣ, аз ҷумла изҳороти оммавӣ аз ҷониби мақомоти баландпоя дар бораи нораво будани шиканҷа таъкид кард.
Кумита ба масъалаи ҷазо барои шиканҷа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, нигарониро дар бораи ҷазоҳои аз ҳад зиёд сабук, муҳлати даъво ва имкони қатъ кардани тафтишот дар сурати изҳори пушаймонӣ кардани ҷинояткор изҳор дошт. Кумита тавсия дод, ки ҳадди ақали ҷазоҳо зиёд карда шаванд, татбиқи муҳлати даъво ва афв нисбати гунаҳкорони шиканҷа бекор карда шавад ва тафтишот бинобар оштӣ бо ҷабрдида қатъ карда нашавад. Ғайр аз ин, Кумита ба зарурати истифодаи моддаи 143-и Кодекси ҷиноятии ҶТ нисбати онҳое, ки амалҳои ба шиканҷа баробарро содир мекунанд, ишора намуд.
Тавсияҳои пешниҳодшуда ба таъмини мутобиқати пурраи қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқистифодабарии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона равона шудаанд.