Мусобиқаи мубоҳисавии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!»

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам!
#ЯзаИскоренениеПыток!

#IamForTheEliminationofTorture! 

30-юми майи соли 2021 аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гузаронидани мусобиқаи мубоҳисавии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» ба нақша гирифта шудааст.

Барои иштирок дар мусобиқа тамоми хоҳишмандоне, ки баҳс карданро меписанданду қурбониёни шиканҷаро дастгирӣ мекунанд ва инчунин нисбати шиканҷа таҳаммулпазирии сифрӣ доранд, даъват карда мешаванд.

Барои ин ҳамроҳ бо ҳамдастаҳо бо пур намудани намунаи дар google буда бо суроғаи зерин аз қайд гузаштан лозим аст: https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSc9-rfRJ_WxpetjGyQ5m1zCb6oau3uqPOJAcjJvJWmpbAq3BA/viewform

Анҷоми пешниҳоди дархостҳо: 26-уми майи соли 2021.

Дар ҷараёни мусобиқаи мубоҳисавӣ шумо оид ба ҳуқуқҳову озодиҳоятон огоҳ мешавед, инчунин барои гузаронидани мусобиқаҳо таҷрибаи беамсол ба даст меоред.

Шуморо мавзуҳои ҷолиб барои даврҳо, муҳити дўстона ва аз ҳама муҳим - туҳфаҳо барои ғолибон интизоранд!

Мусобиқа дар маркази омўзиши забони олмонӣ - Dex (наздикии амфитеатр, мағозаи MEХX) баргузор мегардад.

Мақсад: ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба мавзуи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона.

Натиҷаҳои дарназарбуда: коркарди таҳаммулпазирии сифрӣ ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона миёни ҷавонон.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз ҳама иттилооту иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

Маълумот: ба ҳайси барандагон аъзои гуруҳи ташаббускори ҷавонон «ҲРУ - Тоҷикистон» (ГТҶ ҲРУ)-и назди ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, баромад мекунанд.

Чорабинӣ бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинскӣ оид ба ҳуқуқи инсон баргузор мегардад.

NoTorture.Tj