Нахустин бор дар Тоҷикистон даъво барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи қурбонии шиканҷа баррасӣ мегардад

Рўзи сешанбе, 5-уми декабри соли 2017, соати 10:00 дар Суди ноҳияи Сино аз рўи даъво оид ба ҷуброни зарараи маънавӣ барои тафтиши ғайри самараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиаи судӣ баргузор мегардад. Ин аризаи даъвогӣ оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтиши ғайри самаранок дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ аввалин аст.

Даъвогар: падари ҷавони фавтида Маҳмадсаид Бобоҷонов

Ҷавобгар: Прокуратураи генералии ҶТ

Адвокат: Гулчеҳра Холматова

Маблағи даъво: 350 ҳазор сомонӣ

Маълумот дар бораи қазия: 29-уми августи соли 2015 сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷўи донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов аз ҷониби кормандони милитсияи Ваҳдат латукўб шуда, ҳанўз ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр дар беморхона вафот кард. Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат 1-уми сентябри соли 2015 тибқи моддаи 110, қисми 1 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз беэҳтиётӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷонов ҷароҳати пўшидаи мағзи сар бо хунрезиҳо дар қисмати бофтаҳои нарм ва қисми болоии мағзи сар гуфта шуд.

Баъдтар, санаи 5-уми сентябри соли 2015, парванда ба қисми 3-и моддаи 110 (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст)-и КҶ ҶТ гузаронида шуд. Аз он замон Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ду маротиба бо сабаби маълум нашудани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд, парвандаро боздошт.

NoTorture.Tj