Нақши таъинотҳои хусусии судҳо дар мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ

Таъиноти хусусӣ яке аз воситаҳои ислоҳ намудани камбудӣ ва қонунвайронкуниҳо дар фаъолияти ташкилоту мақомот ва шахсони мансабдор мебошад. Аз ин лиҳоз, таъиноти хусусии суд воситаи хуби барқарорсозии ҳуқуқи шахс ва таъмини қонуният дар фаъолияти мақомоту идораҳо ба ҳисоб меравад. Чун мақсад аз баровардани таъиноти хусусӣ ҷазо гирифтани шахси қонунвайронкунанда, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва дар оянда пешгирии содиршавии чунин камбудиҳо мебошад, таъиноти хусусӣ ва қонунвайронкуниҳои дар он дарҷгардида дар ташкилоту мақомот мавриди муҳокима қарор гирифта, шахсони мансабдор уҳдадоранд, ки нисбати шахсони қонунвайронкунанда чораҳои дахлдорро мувофиқи талаботи қонунгузорӣ андешанд.

Таъиноти хусусӣ ҳамчун механизми мурофиавӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар суд баррасӣ мешаванд, бароварда мешавад.

Агар ҳангоми баррасии парванда суд дар амали тарафҳо, дигар иштирокчиёни мурофиа ва шахсони мансабдор аломати ҷиноятро ошкор намояд, дар ин маврид на ин ки таъиноти хусусӣ қабул менамояд, балки маводи дахлдорро барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси қонунвайронкунанда ба мақомоти прокуратура ирсол мекунад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тарафҳо ҳуқуқи мавриди баҳс қарор додани таъиноти хусусиро доранд, яъне агар шахсони иштирокчии парванда ва шахси нисбаташ таъиноти хусусӣ қабулгардида бо он розӣ набошанд, онҳо метавонанд вобаста ба таъинот шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд.

Дар ин дастурамал якчанд таъиноти хусусиро, ки вобаста ба мурољиатҳои парвандаҳои шаҳрвандони ба Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии (минбаъд ГКҲ) Эътилофи зиддӣ шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиатнамуда доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, мисол меорем.                                                                                

Риоя накардани ҳуқуқҳои мурофиавии ноболиғон

Яке аз ин таъинотҳои хусусӣ аз тарафи Суди шаҳри Душанбе ва Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нисбати роҳбарияти Прокуратураи шаҳри Душанбе ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оид ба камбудии роҳдодаи кормандони Шуъбаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бароварда шудааст.

Санаи 26-уми ноябри соли 2018 ноболиғ Ғ.Р. бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шуда, нисбати ӯ бо моддаи 248, қисми 2, бандҳои “б, в, г”-и Кодекси љиноятӣ парванда оғоз шудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ маълум гардид, ки нисбати ноболиғ Ғ.Р. протоколи дастгир кардан танҳо рӯзи 29-уми ноябри соли 2018 тартиб дода шуда, ҳуқуқҳои конститутсионии ноболиғ Ғ.Р. поймол гардидаанд. Мутобиқи талаботи моддаи 94-и КМҶ ҶТ протоколи дасгиркунӣ бояд дар мудати се соати авали дастгиршавӣ тартиб дода, дар он вақти дастгиршавии воқеӣ ва ҷойи дастгиршавӣ дарҷ карда шавад. Вале, тавре маълум гардид, кормандони Шуъбаи тафтишотӣ аз ваколатҳои хидматии худ истифода намуда, ноболиғро муддати 3 шабонарӯз бе тартиб додани протоколи дастгиркунӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд.

Суд диққати роҳбарияти Прокуратураи шаҳри Душанбе ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ба дағалона вайрон намудани меъёрҳои КМҶ ҶТ ҷалб намуда, вобаста ба он таъиноти хусусӣ баровардааст, то ки шахсони гунаҳкор ҷазо гирифта, нисбаташон чораҳои дахлдор андешида шавад ва дар оянда чунин камбудиҳо такрор нагарданд.

Санаи 26-уми ноябри соли 2018 ноболиғ Қ.А. аз тарафи кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шуда, нисбати ӯ бо моддаи 248, қисми 2, бандҳои “б, в, г”-и Кодекси љиноятӣ парванда оғоз шудааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ маълум гардид, ки ноболиғ Қ.А. оид ба ҳолати кор ба номи сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ баёнот додааст. Аммо аз рӯи баёноти мазкур маълум нест, ки баёнотро кадом рӯз, кӣ ва дар куҷо гирифтаааст. Инчунин, дар баёнот санаи рӯз, рутба, мансаб ва ному насаби шахси баёнотгиранда дарҷ нагардидааст.

Камбудии дигаре, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ҷой дорад, ин бе намояндаи қонунӣ ва ҳимоятгар гирифтани баёнот аз ноболиғ ва бе иштироки ин нафарон дастгир кардани ӯ мебошад, ки ин амал мухолиф ба талаботи моддаҳои 424-431-и КМҶ ҶТ мебошад. Дар моддаҳои мазкур тартиби махсуси мурофиавӣ, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон равона гардидаанд, дағалона вайрон карда шудааст.

Ҳамин тариқ, вобаста ба як парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби ду зинаи судӣ нисбати Прокуратураи шаҳри Душанбе ва РВКД дар шаҳри Душанбе, инчунин нисбати роҳбарияти Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ ва ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъиноти хусусӣ қабул гардидааст.

Ба камбудиҳои дар парванда ҷойдошта нигоҳ накарда, ба ноболиғон Ғ.Р. ва Қ.А. ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ таъин гардидааст. Вале оид ба он, ки тафтишот то кадом дараҷа қонунӣ гузаронида шудааст, суд чорае надидааст. Ҳол он ки, чунин камбудиҳои ҷидии мурофиавӣ ба мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтани ноболиғон алоқамандии зич доранд. Камбудиҳои љиддии мурофиавӣ шубҳаи зиёди тафтишоти бесамарро ба бор меоранд. Ғайр аз ин, боздошти ғайриқонунии ноболиғ дар давоми 3 шабонарўз эҳтимоли љой доштани шиканља ва муносибати ғайриинсониро тасдиқ мекунад.

Беаҳамиятии сокинони ҷамоат боиси содиршавии ҷиноят гардидааст

Таъиноти хусусӣ нисбати мақомоти худидоракунии маҳаллии ҷамоату деҳот низ бароварда мешавад. Чунончи, яке аз ин таъинотҳо ба раиси ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон равона гардидааст.

Истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон Қ.С. санаҳои 20.08.2018, 08.09.2018 ва 25.10.2018 аз чарогоҳҳои ҷамоатҳои Даҳана ва Чоргули ноҳияи Ёвон дар умум 11 сар чорвои калони хонагиро дуздида, онҳоро аввал ба хонаи худ ва баъдан ба бозори чорвои гирду атроф бароварда, молҳои худ муаррифӣ намуда, онҳоро ба маблағҳои гуногун, дар ҷамъ ба маблағи 23100 сомонӣ фурўхта, маблағҳои бо роҳи муфт ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Дар мурофиаи судии парвандаи мазкур суд муайян намудааст, ки аз кирдорҳои ҷинояткоронаи шаҳрванд Қ.С. огоҳӣ доштани истиқоматкунандагони ҷамоати Чоргул аз эҳтимол дур нест ва бинобар ин, таъиноти хусусиро нисбати роҳбарияти ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон баровардааст, ки тибқи он раиси ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон уҳдадор карда мешавад, ки бо мақсади дар оянда такрор нагардидани чунин ҷинояткориҳо дар ҷамоати мазкур бо сокинони он суҳбат гузаронида, аз натиҷааш дар муддати як моҳ ба суд маълумот ирсол намояд.

Иҷро накардани уҳдадориҳои хизматии милитсия шароит барои нашъаҷаллобии падару писар гардид

Таъиноти хусусии дигар аз тарафи Суди шаҳри Душанбе нисбати роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Ёвон бароварда шудааст. Сабаби баровардани таъиноти мазкур дар он аст, ки аз тарафи шаҳрванд “А” ба маълумоти кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур хабар ворид мегардад, ки шаҳрванд М.Ё. - сокини ноҳияи Ёвон ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул мебошад. Хабари мазкур аз тарафи кормандони оперативӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, шаҳрванд “А” ба гуруҳи ҷиноятпеша воридсозии оперативӣ карда мешавад ва ба шаҳрванд М.Ё. панҷсад сомонӣ маблағи пулӣ дода, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки бар ивази ин маблағ барои вай воситаи нашъадор дастрас намояд.

Зимни гузаронидани чораҳои оперативӣ маълум мегардад, ки шаҳрванд М.Ё. маводҳои нашъаоварро пайваста аз рафиқаш К.Н. ва рафиқаш бошад, онро аз тағояш С.Ҷ. ва падараш К.Х, ки ҳар се истиқоматкунандагони ноҳияи Ёвонанд, харидорӣ менамудааст.

Ҳамин тавр, зимни гузаронидани харидории оперативӣ байни М.Ё. ва шахси ба мақомот мусоидаткунанда “А” шаҳрванд М.Ё. дастгир гардида, аз ҷайбаш шонздаҳ адад бастачаҳои маводи нашъаовари навъи ҳашишро пайдо менамоянд, ки мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводҳои нашъаовари аз ҷайби М.Ё. дарёфтгардида навъи “Ҳашиш” буда, вазни умумии он 6,9 грамро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, таъиноти хусусӣ нисбати роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Ёвон барои он бароварда шудааст, ки сокинони ин ноҳия М.Ё., С.Ҷ., К.Н. ва К.Х. аз бепарвоиву беаҳмиятии нозирони минтақавӣ ва кормандони оперативии ШВКД дар ноҳияи Ёвон, ки мутобиқ ба талаботҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия” нестанд, истифода намуда, даст ба чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ задаанд.

Дар таъиноти мазкур дарҷ гардидааст, ки ин ҷиноят маҳз бо саҳми кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор гардида, роҳбарияти ШВКД дар ноҳияи Ёвон уҳдадор гардидааст, ки оид ба камбудиҳои ҷойдошта чораандешӣ намуда, аз натиҷаи он дар тўли як моҳ тариқи хаттӣ ба Суди шаҳри Душанбе маълумот ирсол намояд.

Шиканҷа ва сохтакорӣ дар хулосаҳои экспертиза

Сабаби баровардани таъиноти хусусӣ нисбати Прокуратураи ноҳияи Зафаробод бартараф намудани камбудиҳои дар парвандаи А.Х. ҷойдошта мебошад, ки дар мавриди аз тарафи кормандони РВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд зери шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтанаш, хешовандони ӯ ба ГЁҲ-и Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зиддӣ шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат намуда буданд.

Шаҳрванд А.Х. дар марги ҳамсояаш шаҳрванд Ю.А., ки ҳодиса соли 2010 рух дода буд, гумонбар дониста мешавад.

Дар қабати далелҳои парвандаи шаҳрванд А.Х. ба ғайр аз нишондоди худиқрорӣ ва мувофиқати изи дастон дар ҷойи ҳодиса барои исботи гуноҳ далели дигаре вуҷуд надошт. Вале баъди дархосту таъин ва гузаронидани экспертиза маълум гардид, ки кормандони РВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ва муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Зафаробод барои мувофиқат намудани изи дастони шаҳрванд А.Х. бо изи дастони аз ҷойи ҳодиса ёфташуда сохтакориҳои зиёдро анҷом додаанд.

Бинобар ин, Суди ноҳияи Зафаробод бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, яъне чораандешӣ намудан барои сохтакории изи дастон таъиноти хусусӣ қабул намуда, онро ба Прокуратураи ноҳияи Зафаробод равон намудааст. Гарчанде ин зинаи прокуратура вобаста ба парвандаи мазкур манфиатдор мебошад, зеро тафтишотро худи ҳамин прокуратура гузаронида, айбдоркуниро дар суд дастгирӣ намудааст. Бар замми ин, бо истифода аз моддаи 35-и КМҶ ҶТ суд метавонист, ки нисбати шахсони гунаҳкор парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро барои тафтишот ба мақомоти дахлдор ирсол намояд. Аммо суд ба камбудиҳо таваљљуҳ накарда, танҳо баровардани таъиноти хусусиро зарур ҳисобидааст.

Тавре дар боло қайд намудем, мақсад аз баровардани таъиноти хусусӣ - ин ҷазо гирифтани шахси қонунвайронкунанда, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва дар оянда пешгирии содиршавии чунин камбудиҳо мебошад.

Ҳарчанд мо оид ба натиҷаи таъинотҳои хусусӣ маълумоти дақиқ надорем, вале аз баъзе таҷрибаҳои ГЁҲ дида мешавад, ки таъиноти қабулнамудаи суд на ҳама вақт ба таври пурра ва дуруст иҷро мешавад. Чунончи, вобавста ба яке аз таъинотҳои хусусии қабулгардида ба мо маълум шуд, ки роҳбарони мақомоту идораҳое, ки нисбаташон таъиноти хусусӣ бароварда шудааст, аз кормандони худ пуштибонӣ намуда, бо ҳар гуна баҳона, ба монанди “ӯ корманди пешсафи мост, ӯ дар озмунҳо ҷойи аввалро ишғол менамояд”, аз ҷазо додани зердастонашон худдорӣ менамоянд. Инчунин, ҳангоми аз тарафи шахсони манфиатдор, ба монанди адвокат ё ҷабрдида, талаб намудани натиҷаи таъиноти хусусӣ ба саргардониву дилсардиҳо ва бенатиҷагии таъиноти қабулшуда рӯ ба рӯ мешаванд. Чун барои натиҷаи таъиноти хусусиро ба даст овардан суд онҳоро ба мақомоту идораи нисбаташон таъинот қабулшуда равон мекунад, вале шахси мансабдори мақомоту идораҳо бошанд, бо баҳонаи он, ки “мо ҳисоботро танҳо ба суд пешниҳод менамоем, барои ба даст овардани натиҷаи таъинот ба суд муроҷиат намоед”, аз додани натиҷаи таъинот худдорӣ мекунанд, ки ин амалҳои онҳо муқобили меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз таҷрибаҳои ГЁҲ маълум мегардад, ки дар баъзе ҳолатҳо камбудиҳои дар парванда ҷойдоштае, ки боиси қабул гардидани таъинот мегарданд, аз тарафи кормандони мақомоти гуногун бо мақсади шароит фароҳам овардан барои истифодаи шиканҷа раво дида мешаванд, вале суд вобаста ба ин салоҳияти худро бо баровардани таъиноти хусусӣ маҳдуд намуда, дар мавриди ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳкор чораандешӣ наменамояд.

Тибқи талаботҳои қонунгузории ҶТ, “дар ҳолатҳои муайян намудани қонунвайронкунӣ суд ҳуқуқ дорад таъиноти хусусӣ барорад”. Дар ин меъёри қонун ибораи “суд ҳуқуқ дорад” бетарафӣ ва беаҳамиятии судҳоро ба вуҷуд оварда, бенатиҷагии механизми мазкурро зери шубҳа мегузорад. Маҳз ҳамин ҳолат баъзан ҳимоятгаронро водор месозад, ки барои аз тарафи суд қабул гардидани таъиноти хусусӣ дархостҳои пайдарҳамро ба суд пешниҳод намоянд. Бинобар ин, қонунгузорро лозим аст, ки дар ҳолатҳои муайян намудани қонунвайронкунӣ суд барои баровардани таъиноти хусусӣ ва иҷрои пурраи он уҳдадор карда шавад.

NoTorture.Tj